Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
«ҲАҚҚИ ҚАЛАМАШРО КӢ МЕДИҲАД?»
Матбуотчии ҳариси пулпараст нишаста мақола паси мақола менавишт. Як рафиқаш ба ӯ гуфт:
— Дар қатори мақолаат ба модарат як хат навишта намешавад?
— Ҳаққи қаламашро кӣ медиҳад? — ҷавоб дод ӯ.
УЗРИ ТАНБАЛОН
— Канӣ ба кор!
— Мо бемор.
— Канӣ, ба тӯй!
— Мо тайёр.
ПИСАРИ ЛЕКТОР
Дар синф як бача ҳамеша аз китоб чашм наканда гап мезад. Як талаба аз ҷӯрааш пурсид:
— Чаро ин бача аз китоб чашм наканда, бо овози баланд мехонад?
— Эҳтимол падараш лектор бошад, — ҷавоб дод ҳамсинфаш.
ҶАВОБИ МАЪҚУЛ
Қотиба ба кор дер омад. Мудир ӯро итоб кард:
— Барои чӣ ба кор дер омадед?!
— Мебахшед, мудирҷон, ман ба занатон ӯсмаву сурма бурда додам.
— Ҳа, ин тавр бошад, майлаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё