Гули хандон

Китоб аз ҳикоя ва фелетонҳои ҳаҷвии нависанда Самад Ғанӣ иборат мебошад. Мазмуни асосии ҳикояҳо аз танқиди тезу тунди холабеғамон, хурофотчиён ва фиребгарон иборат аст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 сентябри 2026 · 144 саҳифа
ЭҲТИЁТКОРИ
— Ҳой Ҳайдар, барои чӣ култиватсияи пахтазорро хобонда мондӣ? — пурсид ҷӯраам аз тракторчӣ.
— Саркорамон дар зери кадом як алафзор хобидаанд. Метарсам, ки бо нохост зер карда пачақ накунам.
РӮЙБАРДОР
Муаллифе доимо аз китобу журнал ва рӯзномаҳо рӯйбардор мекард. Як рафиқаш ба ӯ гуфт:
— Чаро аз китобҳо рӯйбардор мекунед?
— Магар ман аз ин нағзтар навишта метавонистам?
ИМРӮЗ ХУДАШ, ФАРДО ЛУҒАТАШ
Як шоир ба идораи радио як коғаз шеъре овард, ки шасту ҳафтод варақ луғат дошт. Раиси радио гуфт:
— Шеъратон як ваҷабу луғаташ ҳафтод ваҷаб ку, онро ба воситаи радио чӣ хел шунавонем?
— Ин масъалаи осон, — ҷавоб дод шоир. — Имрӯз шеърашро шунавонеду ҳафтаи дигар луғаташро.
КӮПРУКИ ЗОРМОНДА
Раиси колхоз бо шахсе мерафт ва чизеро фикр мекард.
— Ҷӯрақул-ака, — гуфт вай ба ҳамсӯҳбаташ, — оё дар хотир доред, дар бораи кадом як масъалаи муҳим якчанд бор қарор қабул карда будем-а?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё