Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Нигоҳ доштани сирри духтурӣ дар таҷрибаи кори акушер-гинеколог аҳамияти махсус дорад. Махсусан ба духтури гинеколог занҳои синну соли мухталиф муроҷиат мекунанд ва аз ин рӯ асроре, ки онҳо ба ӯ бовар карда мегӯянд, бояд на танҳо аз шахсони бегона, балки аз хешу табор, ҳатто шавҳари онҳо пинҳон доштан зарур аст. Инчунин мумкин аст, ки зан пештар ҳомиладор шуда бошад ё амали ҷарроҳии узвҳои ҷинсиро аз сар гузаронида бошад.
Духтури акушер-гинеколог пеш аз он, ки ба табобати бемор сар кунад, бояд бо бемор муносибати худро ҳарҷиҳата муайян кунад.
Деонтология дар стоматология
Деонтология дар фаъолияти духтури стоматолог низ муҳим мебошад. Аз сабаби он, ки қисми зиёди аҳолӣ ба муолиҷаи стоматологӣ муроҷиат мекунанд ва баъзан табобати дуру дароз лозим аст, ба назди духтури стоматолог рафтан таассуроти сахти рӯҳию ҳиссӣ мебахшад. Вақте ки бемор утоқи стоматологиро тасаввур мекунад, дар ӯ таассуроти манфӣ пайдо шуда, хоҳиши ба онҳо рафтан кам мешавад.
Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки духтури стоматолог бояд на танҳо аз касби худ хуб огоҳ бошад, балки психотерапевти хуб ҳам бошад. Духтур бояд кӯшиш кунад, ки аз вохӯрии аввал ба боварии бемор соҳиб шавад.
Сиҳатшавии бемор махсусан аз он вобаста аст, ки мулоқоти аввалини ӯ бо духтур чӣ гуна сурат мегирад. Ин чиз пеш аз ҳама ба стоматологияи кӯдакона дахл дорад.
Дар адабиёти тахассусӣ дуруст қайд карда шудааст, ки минбаъд ба муассисаи табобатии стоматологӣ омадани бемор аз «давраи кӯдакӣ»-и табобати дандонҳо вобастагӣ дорад. Ин чизро махсус қайд кардан зарур аст, ки бисёр вақт духтури стоматолог бо бемор беҳурматона рафтор карда, на танҳо ҷузъиёти меъёри деонтологияи тиббӣ, балки инсонро низ вайрон мекунад.

пешина
аз 223
навбатӣ