Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот

МУҚАДДИМА
Психология яке аз соҳаҳои илм буда, дар асри XXI ба авҷи инкишофи худ соҳиб шудааст. Психология дар бораи қонуниятҳои зуҳуроту ташаккули фаъолият, шахсият ва шуури одам баҳс мекунад. Он яке аз илмҳои қадим буда, инкишофи фаъолияташ бо талаботҳои амалияи ҳаёт ва назария алоқаманд аст. Психология якҷоя бо фалсафа, илмҳои табиӣ, ҷамъиятию техникӣ проблемаҳои инъикос, маърифати олами берунӣ, такомули инсон ва инкишофи имкониятҳои потенциалии ӯ, қонуниятҳои тараққиёти ҷамъият ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, масъалаҳои идоранамоӣ дар системаи «Инсон-машина» ва ғайраро кор карда мебарояд. Ҳалли масъалаҳои психологии илм ва соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ бечунучаро алоқаманданд.
Сохти психологияи имрӯзараро ба дарахте монанд кардан мумкин аст, ки танаи он психологияи умумӣ буда, ба соҳаҳои гуногун – «шоху шохчаҳо» ҷудо мешавад. Ҳангоми таснифи соҳаҳои психология се ҳолати асосӣ ба эътибор гирифта мешавад:

  1. алоқамандӣ бо фаъолияти конкретӣ;
  2. инкишоф;
  3. муносибати шахсияти алоҳида ба ҷамъият.
    Ҳамаи ин се гурӯҳи соҳаҳо проблемаҳоеро дар бар мегиранд, ки барои табибони оянда аз аҳамият холӣ нестанд. Мувофиқи ҳолати якуми таснифот чунин соҳаҳоро ҷудо кардан мумкин аст. Аввалан, психологияи меҳнат, ки хусусиятҳои психологии фаъолияти меҳнатӣ, проблемаҳои ташкилии илмии меҳнат, коршомияии кӯдакон ба ин ё он касб, қонуниятҳои ташаккул ва инкишофи малакаҳои меҳнатӣ, таъсири шароитҳои гуногуни истеҳсолӣ ва хусусиятҳои намудҳои гуногуни фаъолиятро ба инсон меомӯзонад. Психологияи меҳнат аз чунин қисматҳои нисбатан мустақил иборат аст: психологияи инженерӣ, психологияи ҳавопаймоӣ, психологияи кайҳонӣ ва ғайра.
    Психологияи педагогӣ қонуниятҳои таълим ва тарбияи инсонро таҳқиқ мекунад. Аз он ҷумла, ташаккули маърифати шахсро дар ҷараёни таълим (азхуднамоии донишро идора намудан, инкишоф додани эҳсос, идрок, хотира, хаёл), масъалаҳои муносибати байниҳамдигарии муаллим ва хонанда, ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои фардии хонандагон дар ҷараёни таълиму тарбия, хусусиятҳои таълимро дар давраҳои гуногуни синнусолии инкишофёбии инсон меомӯзад.
    Психологияи педагогӣ аз қисматҳои психологияи таълим, психологияи тарбия, психологияи муаллим, психологияи кори таълиму тарбия бо кӯдакони носолим инкишоф ёфта (психологияи махсус) иборат мебошад.
    Психологияи тиббӣ ҷиҳатҳои психологии фаъолияти табиб ва хусусиятҳои психологии рафтори беморро меомӯзад ва «шоха»-ҳои зеринро дорад: нейропсихология, патопсихология, психофармакология, психотерапия, психопрофилактика ва психогигиена, ки ҳар яки онҳо проблемаҳои худро доранд: таъсири моддаҳои доругӣ (ва нашъадор) ба фаъолияти психикӣ ва рафтори инсон (психофармакология), маҷмӯи тадбирҳое, ки ба таъмини тандурустии рӯҳии кӯдакон (психопрофилактика ва психогигиена) ва ғайра равона шудаанд.
    Инчунин соҳаи психологияи ҳуқуқиро зикр кардан мумкин аст, ки аз «шохаҳои» психологияи судӣ, ҷиноятӣ, ислоҳотию меҳнатӣ иборат аст.
    Психологияи ҳарбӣ, психологияи спорт, варзиш, психологияи савдо, психологияи эҷодии илмӣ, психологияи санъат ё худ эҷодиёти бадеӣ, соҳаҳои дигари илми психология мебошанд.
    Аз рӯи таснифоти дуюм психологияи синнусолӣ, психологияи инкишофи аномалӣ (патопсихология, сурдопсихология,
аз 223
навбатӣ