Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
олигофренопсихология) ва психологияи муқоисавиро (зоопсихология, тифлопсихология) ҷудо мекунанд. Психологияи синну сол онтогенези протсессҳои психикӣ, ҳолатҳои психикӣ ва хусусиятҳои психологии шахсро дар давраҳои гуногуни синнусолӣ меомӯзад. Ин соҳа дар навбати худ ба психологияи бачаҳо, психологияи ҷавонӣ, психологияи одами ба камол расида (калонсол), геронтопсихология ё худ психологияи кӯҳансолон ҷудо мешавад.
Мувофиқи таснифоти сеюми асосӣ, яъне муносибати байниҳамдигарии шахс ва ҷамъият, психологияи иҷтимоиро ҷудо мекунанд, ки чунин проблемаҳоро меомӯзад: ҳодисаҳои иҷтимоию психологӣ дар гурӯҳҳои калон (этнопсихология, психологияи дин, психологияи саноат, таъсироти воситаҳои ахбори оммавӣ, кино, радио, оинаи нилгун, матбуот ва ғайра), ҳодисаҳои иҷтимоию психологӣ дар гурӯҳҳои хурд: психологияи иҷтимоии шахс.
Ҳамин тариқ, соҳаҳои психология байни худ алоқа доранд, масалан, психологияи педагогӣ бо психологияи синнусолӣ ва иҷтимоӣ алоқамандии ҷудонашаванда доранд, чунки таълим ва тарбия бояд хусусиятҳои синнусолии хонандагон, тавсифоти иҷтимоию психологии гурӯҳҳо ва коллективҳо, ки кӯдак ба онҳо дохил аст ва ба туфайли онҳо шароити таълиму тарбияи насли наврас ба вуҷуд оварда мешавад, ба ҳисоб гирад. Аз ин рӯ, психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ алоқаи дутарафа доранд.
Муаллифони ин дастури таълимӣ дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки ба таври умумӣ мафҳумҳои асосии психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббиро кушода диҳанд. Донистани онҳо барои табибони оянда, донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ ниҳоят зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор