Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
ПСИХОЛОГИЯИ УМУМӢ
Предмет ва вазифаҳои психология. Психика, шуур ва фаъолият
Ҳар як илм ҳамчун соҳаи мустақили дониши инсонӣ, предмети махсуси омӯзиши худро дорад. Предмети илми психология омӯхтани қонуниятҳои пайдоиш, тараққиёту зоҳиршавии психика ва шуури одам ҳамчун шахсияти конкретии таърихӣ мебошад.
Истилоҳи «психология» аз ду калимаи юнонӣ пайдо шудааст:
«псюхе» – рӯҳ, «логос» – таълимот, яъне илм дар бораи рӯҳ.
Психология ҳамчун илм зиёда аз 2500 сол пеш дар Юнони қадим ба вуҷуд омадааст ва тараққиёти он дар муборизаи ду равия – материалистӣ ва идеалистӣ сурат мегирад. Инсон ҳанӯз дар давраҳои қадим мавҷудияти ду мабдаъро мушоҳида намуда буд: олами иҳотакарда, олами ботинии одам ва шуури ӯ. Дар ин миён масъалаи асосӣ аввалин будани шуур ва материя, донисташавандагӣ ва донистанашавандагии олам мебошад.
Идеалистон шуур ва рӯҳро аввалин ва материяро дуюмин, яъне маҳсули шуур мешумориданд. Ду равияи асосии идеалистӣ вуҷуд дорад:
- Идеализми субъективӣ, ки мавҷудияти худи «ман», шуури фард, эҳсос, тасаввурот, тафаккурро аввалин ва материяро дуюмин мешуморанд.
Мувофиқи таълимоти онҳо олами иҳотакарда вобаста ба эҳсосоти мо вуҷуд дорад ва бинобар ин предметҳо «маҷмӯи эҳсосҳо»-янд. - Идеализми объективӣ, ки тарафдорони он мавҷудияти рӯҳ, «рӯҳи мутлақ»-ро аввалин ва олами моддиро, ки офаридаи он аст, ҳодисаи дуюмин мешуморанд.
Ҳар гуна таълимоти идеалистӣ бо теология, бо таълимот дар бораи худо алоқаи зич дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор