Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
Ҳангоме ки беморон барои табобати норасогиҳои модарзоди рӯй муроҷиат мекунанд, масъалаҳои зиёди деонтологӣ ба миён меоянд. Норасогиҳои рӯй метавонанд сабаби парешонии рӯҳии бемор гарданд.
Аз ин рӯ, ин беморон бояд бо муносибати махсус фаро гирифта шаванд.
Кормандони тиббии ин муассисаҳо бояд бо меҳрубонӣ ва хайрхоҳии хеш ба рӯҳи бемор таъсири мусбат расонанд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло нишон медиҳанд, ки духтури стоматолог бо муносибати дақиқона ва хайрхоҳонаи худ ва истифодаи усулҳои ҳозираи ташхис ва табобат бояд ёрии самараноки деонтологӣ расонад.
ШАХСИЯТИ ДУХТУР ВА ШАХСИЯТИ БЕМОР ДАР ҶАРАЁНИ МУОШИРАТ
Аз замонҳои қадим ақидае мавҷуд аст, ки на дардро, балки худи шахси дардмандро табобат кардан зарур аст. Ин чунин маъно дорад, ки духтур дар рафти муоинаи бемор, коркарди усули муолиҷа хусусиятҳои шахсияти беморро бояд асос гирад. Ин чиз дар навбати худ талаб мекунад, ки ҳар як духтур доир ба мафҳуми шахсият дар доираи психологияи тиббӣ маълумоти зарур дошта бошад.
На ҳамаи духтурон дар кори рӯзмараи худ асосҳои биологии шахсияти беморро, ки онро ҷараёнҳои асосии системаи асаб муайян мекунанд, ба назар мегиранд. Бе донистани ин чиз дар бораи шахсияти бемор, ки давоми зиндагиаш дар зери таъсири муҳити атроф, тарбия ва фаъолияти иҷтимоии меҳнатӣ ташаккул ёфтааст, тасаввурот пайдо кардан душвор аст. Дар дунё ҳеҷ вақт ду одами ба ҳам монанду фардияти якхела дошта мавҷуд нест.
Фарқияти инсон аз рӯи бисёр аломатҳо зоҳир мегардад. Ба хусусиятҳои фардии шахси бемор диққат додани духтур ва пешбинӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор