Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

ва баъзан бадмуомилагӣ, Маниан истеҳзо ва сергапиро зоҳир мекарданд. Ин сифатҳо ҳеҷ гоҳ ба муносибати онҳо бо беморон монеъ намешуданд ва, баръакс, беморони рӯҳӣ онҳоро дӯст медоштанд ва бо хоҳиши тамом бо онҳо суҳбат мекарданд. Мисоли овардашуда зарурати деонтологии муносибат ва боварии тарафайнро нишон медиҳад. Интихоби муносибати дуруст, вобаста ба хусусиятҳои рӯҳии бемор равона кардани мақсад сифатҳои муҳими деонтологии духтури рӯҳшинос мебошанд. Беҳуда нест, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) доир ба тайёр намудани рӯҳшиносон дар талаботи худ ба духтурон қайд мекунад, ки барои шахсияти духтури рӯҳшинос муносибати самимона бо одамон, ҳамдардӣ, ботамкинӣ, ҳисси масъулият ва қобилияти аз сар гузаронидани вазнинӣ барин сифатҳо заруранд.
Деонтология дар акушерӣ ва гинекология
Зарурати риоя кардани қоидаҳои деонтология дар соҳаи акушерӣ ва гинекология дар он аст, ки ҳангоми ба занони ҳомила, зоянда ё касалии гинекологӣ дошта ёрӣ расонидан хоҳ-нохоҳ бо тарафҳои маҳрамонаи зан рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ, кормандони ин соҳаи тиб бояд дорои маданияти баланди муомилаю муошират бошанд. Риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти духтурони акушер-гинеколог на танҳо барои нигоҳдории саломатии занон, балки барои мустаҳкамшавии оилаи онҳо, хушбахтии модару кӯдак аҳамият дорад. Муносибати тарафайни корманди тиб бо бемор яке аз тарафҳои муҳимтарини деонтология дар соҳаи акушерӣ ва гинекология мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои маълуми тадқиқоти гинекологӣ занон ҳангоми ба назди духтури акушер-гинеколог рафтан хиҷолат мекашанд ва ҳатто метарсанд. Ин ҳолат бештар бо занони ҷавон, ки ҳоло таваллуд накардаанд, вомехӯрад, махсусан агар духтури акушер-гинеколог марди ҷавон бошад. Бисёр занони рӯҳан камқувват ҳангоми тадқиқоти гинекологӣ гирифтори ҳаяҷони таъсирбахш мешаванд. Ҳамаи ин чизҳоро духтури акушер-гинеколог бояд ба назари эътибор гирад ва тадқиқоти гинекологиро осонтар намояд.

пешина
аз 223
навбатӣ