Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
вазири корҳои дохилӣ навишта буд: «Бо мақсади хабар гирифтани муассисаҳое, ки дар онҳо беморони рӯҳӣ нигоҳ дошта мешаванд, ман тамоми Фаронсаро гаштам... ман онҳоро дидам: бараҳна, либосҳо дарида, дар рӯи пахоле, ки ягона воситаи муҳофизат аз хунукӣ буд. Ман дидам, ки онҳо аз ҳавои тоза, об маҳрум буданд. Ман онҳоро дидам, ки чӣ хел дар рӯйҷойҳои лахт-лахт, ғорҳои чиркин, бадбӯй, торик зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷо ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ тоқат намекунанд». Баъди баромади ӯ дар Сенат аз нав ташкилкунии тамоми шифохонаҳои беморони рӯҳӣ дар Фаронса оғоз меёбад. Эскирол нахустин созмондиҳандаи қонун дар бораи беморони рӯҳӣ мебошад, ки он «Қонун аз 30 июни соли 1838» ном дорад.
Дар ин қонун чорабиниҳои ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва тиббӣ дар бораи беморони рӯҳӣ инъикос ёфта буд. Аз ҳамон лаҳзаҳое, ки ҳуқуқҳои беморон барқарор карда шуданд, принсипҳои деонтология низ дар амал татбиқ мегарданд.
Чи тавре ки дар боло қайд гардид, бо вуҷуди умумияти деонтология бо дигар фанҳои тиб, фарқияти асосии психиатрия дар он аст, ки вай харобшавии рӯҳиро тадқиқ мекунад. Дар ҷараёни фаъолияти духтури рӯҳшинос алоқаи шахсӣ ва суҳбат бо бемор ҷои асосиро ишғол мекунад.
Рӯҳшиноси машҳур П.Б. Ганнушкин соли 1924 дар мақолаи худ «Рӯҳшиносӣ, вазифа, ҳаҷм ва омӯзиши он» навишта буд: «Ин корро ҳамон вақт омӯхтан мумкин аст, ки агар рӯҳшиноси ҷавон ба шахси касалии рӯҳӣ дошта бодиққат муносибат кунад: худписандӣ, хунукиро бемор намеписандад, фаромӯш намекунад ва духтур дар назди бемор эътибори худро гум мекунад». Рӯҳшиносони беҳтарин – Крепелин (немис), Маниан (франсавӣ), Корсаков (рус) дар суҳбат бо бемори рӯҳӣ устод буданд. Ҳар кадоми онҳо бо бемор ба таври худ наздик мешуданд ва дар суҳбат бо беморон сифатҳои мусбату манфии онҳо зоҳир мегашт. Масалан, ҳангоми суҳбат бо бемор Корсаков нармӣ, раҳмдилӣ ва кунҷковӣ, Крепелин дағалӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор