Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

дастонашро харпанҷа карда, сахт фишор диҳад ва дар ин ҳолат ба бемор мефаҳмонанд, ки бо ҳисоби «се» ӯ дастонашро кушода наметавонад.
Сипас духтур бо овози баланд то се шумурда талқин мекунад, ки дастони ӯ аз ҳам ҷудо намешаванд. Агар фалаҷ ба амал ояд, он гоҳ ин гуна беморон ба талқин осонтар дода мешаванд. Баъди муайян кардани дараҷаи талқиншавандагии бемор ба гипноз сар мекунанд, ки дар он усулҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Яке аз усулҳои қабулшуда ва дастраси гипноз бештар усули шифоҳӣ (вербалӣ) мебошад, ки ҳангоми истифодаи он ба воситаи сухан бемор ба хоб меравад. Дар ин ҳолат мазмуну оҳанги сухан роли калон мебозад. Бемор дар нимкат ё курсӣ нишаста, барои хоб рафтан ҳолати қулайро интихоб мекунад.
Духтур дар болои сари бемор қарор мегирад ва ба овози мулоиму талқинкунанда гап зада, баъзе калимаҳоро дароз талаффуз мекунад.
Ҳоло баъзе мисолҳои тахминии матни суханронииро, ки бояд духтур гӯяд, нишон медиҳем. «Чашматонро пӯшед ... Кӯшиш намоед, ки дар бораи чизҳои зиёдатӣ фикр накунед... Шумо хоб меравед ва ба он муқобилият накунед... Ором нафас гиред... Ҳоло ман ҳисоб мекунам ва баробари он Шуморо бештар хоб зер мекунад... Як... ду... се... Нафасгирӣ ором ва мӯътадил ... Оромии пурра фаро мерасад... Шаш... ҳафт... Садои ман Шуморо ором мекунад, бештар ба хоб даъват мекунад... Нуҳ... даҳ... ёздаҳ... Шуморо хоб пахш мекунад... Хоҳиши хоб рафтан боз ҳам зиёдтар мешавад… Дувоздаҳ... сездаҳ... чаҳордаҳ... понздаҳ... Сахттар хоб мебарад». Ҳамин тариқ, то 20, 30 мешумуранд. Се-чор шумораи охиринро пасттар ва шиддатнок талаффуз мекунанд.
Усули табобат бо садоҳои монотонӣ
Иҷрошавии он бо истифодаи амали хобовари овозҳои такроршавандаи якхела сурат мегирад. Ин садои андак пасти метроном, овози мавҷҳои баҳр, садои қатраҳои афтидаи об буданаш мумкин аст, ки дар лентаи магнитофон сабт шудаанд. Беморро дар хонаи нимторик дар нимкат ҷойгир мекунанд, метрономро ба кор медароранд. Сипас ба бемор дастур дода мешавад, ки чашмонашро

пешина
аз 223
навбатӣ