Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

бемор пайдо шудани ҳолати талқиншавии баланд, ки қудрати сухани духтурро меафзояд, зоҳир мешавад.
Талқинкунӣ – ин протсессе мебошад, ки дар он бо мақсади табобат ба воситаи сухан ба психикаи бемор таъсир расонида мешавад. Ду навъи талқинкунӣ мавҷуд аст: бевосита ва бавосита. Дар ҳолати аввал ба шахси бемор талқин мекунанд, ки аломатҳои касалӣ бевосита баъд аз талқин нест мешаванд. Дар ҳолати дуюм бошад, талқин мекунанд, ки баъди муолиҷаи тиббӣ аҳволи бемор беҳ мешавад.
То саршавии табобати гипнозӣ бояд муносибати бемор ба ин усули табобат аниқ карда шавад. Агар муносибати бемор ба табобати гипнозӣ манфӣ бошад, онро гузаронидан мумкин нест. Пеш аз гузаронидани сеансҳои талқинкунии гипнозӣ бояд ба бемор моҳияти гипноз фаҳмонида шавад. Қайд мешавад, ки ин хоби сунъӣ буда, дар ин ҳолат алоқаи сухании байни бемор ва духтур боқӣ мемонад. Фаҳмонда мешавад, ки суханҳои шунидашуда таъсири пурқувват ва дурудароз доранд. Бемор бояд донад, ки хоби гипнозӣ ҳеҷ зараре надорад ва ӯ бояд фақат ба суханони духтур диққати худро равона кунад. Дар ин қатор ба бемор фаҳмонда мешавад, ки ҳангоми гипноз бемор ягон ҳолати нохушро ҳис намекунад, гипноз як навъ хоби табиӣ буда, ба барқароршавии фаъолияти системаи асаб мусоидат мекунад, иродаро мустаҳкам мегардонад ва барои тезтар шифоёбӣ боварӣ мебахшад.
То саршавии табобати гипнозӣ бояд барои фаҳмидани дараҷаи талқиншавандагии бемор санҷиш гузаронида шавад. Барои ин аз бемор хоҳиш мекунанд, ки дасташро ба рӯи зону гузорад ва дар давоми якчанд сония ба ягон нуқтаи муайян нигоҳ карда, дар ин ҳолат ба худ талқин намояд, ки дасташ вазнинтар мешавад. Баъд аз ин духтур дасти беморро бардошта ба болои зонуи ӯ мепартояд. Ҳар қадар муқобилати даст кам бошад, талқинкунӣ ҳамон қадар хубтар мешавад.
Воситаи дигари баҳодиҳӣ ба талқин дар амал нишон додани зуҳуроти фалаҷ мебошад. Барои ин озмоиш аз бемор хоҳиш карда мешавад, ки

пешина
аз 223
навбатӣ