Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТаҳсилотИлмТиб
Аз аввал хондан

Боваркунонӣ ё муолиҷаи ақлӣ
Яке аз хусусиятҳои муҳими ин усули табобат таъсиррасонӣ ба бемор тавассути боваркунонии мантиқӣ мебошад. Ин усул аз тарафи духтурон ҳангоми ҳар як суҳбаташон бо бемор ба таври васеъ истифода мешавад ва гоҳо намуди асосии таъсиррасонии табобатӣ мегардад. Духтур ҳангоми суҳбат бо бемор ба ӯ сабабҳои касалӣ, механизми вайрон шудани мубодилаи моддаҳои организмро фаҳмонда, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба аломатҳои зуҳуроти касалӣ аз ҳад зиёд диққат надиҳад. Ҳангоми аз ин усул истифода бурдан, духтур на танҳо нуқтаи назари беморро ба ин ё он касалӣ дигар мекунад, балки ба сифатҳои шахсии ӯ таъсир мерасонад. Духтур метавонад рафтори беморро ё ба ҳодисаҳои атроф баҳои нодуруст доданашро танқид кунад, аммо дар ин ҳолат бемор бояд ҳис кунад, ки ба ӯ ҳамдардӣ мекунанд, ӯро ҳурмат менамоянд ва ба ӯ ёрӣ расонидан мехоҳанд.
Далелҳое, ки духтур меорад, бояд қотеъона ва ба бемор фаҳмо бошанд.
Духтур дар рафти табобат бо воситаи боваркунонӣ беморро даъват мекунад, ки баҳодиҳии худро ба сабабҳои касалӣ дигар кунад, аз талаботҳои зиёди иҷрошаванда даст кашад, ба ҳолати бавуҷудомада розӣ шавад. Бояд ба вай дар оянда чӣ гуна рафтор карданро фаҳмонда, завқи ӯро ба сиҳат шудан тезонад. Яке аз усулҳои табобати боваркунонии ақлӣ он аст, ки аз бобҳои алоҳидаи адабиёти тиббӣ истифода шавад, чунки баъзе беморон бештар ба навиштаҳои китоб бовар карда, гумон мекунанд, ки духтур барои ором кардан ва тасаллӣ бахшидани онҳо дурӯғ мегӯяд.
Талқинкунӣ ҳангоми хоби гипнозӣ
Барои ба вуҷуд овардани хоби гипнозӣ усули бо воситаи сухан талқин карданро истифода мебаранд, ки он бо воситаи ангезандаҳои дурахшандаи биноӣ ва шунавоӣ ба амал бароварда мешавад. Зери мафҳуми гипноз ҳолати нимхобию нимбедориро дар назар доранд, ки дар ин ҳолат алоқаи сухании духтур ва бемор канда намешавад ва онро раппорт меноманд. Таъсири табобати гипноз аз як тараф ҳангоми нимхобӣ, аз тарафи дигар дар

пешина
аз 223
навбатӣ