Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

пӯшад ва дар зери таъсири ин садо хоб равад. Тахминан чунин гуфта мешавад: «Чашмонатро пӯшед, дар бораи ягон чизи бегона фикр накунед. Кӯшиши хоб рафтанро кунед. Шумо садои метроном (мавҷҳои баҳр, садои қатраҳои афтанда) ва овози маро шунида истодаед. Шумо бо шунидани ҳар як садои метроном боз ҳам чуқуртару сахттар хоб мекунед...»
Усули назар дӯхтан
Моҳияти ин усул дар он зоҳир мешавад, ки ба бемор беҳаракат ба ягон нуқта назар карданро пешниҳод мекунанд.
Дар натиҷа чашмони бемор хаста мешаванд ва хоҳиши пӯшидани он ба вуҷуд меояд, ки ин аз омадани хоб дарак медиҳад. Дар баробари ин, талқини суханиро низ истифода мебаранд: «Пилкҳои чашмони Шумо боз ҳам вазнинтару вазнинтар мешаванд... Чашмонатон хаста шуда истодаанд... Атрофи Шумо боз ҳам ториктару ториктар мегардад... Ҳар чи бештар хоб рафтан мехоҳед... Шуморо хоболудӣ зер кардааст... Пилкҳо боз ҳам зич шудаанд... Хоб...».
Усули пассҳо
Ин усул бо усулҳои дар боло номбаршуда мувофиқат мекунад. Духтур ҳангоми беморро ба ҳолати хоби гипнозӣ овардан дар пеши рӯй ва бадани ӯ бо дастҳояш ҳаракатҳои якхела (пассҳо) мекунад. Ӯ барои ин аз сари бемор ба тарафи пойҳо дар масофаи 2–3 см ба он нарасида, кафи даст ва ангуштони аз якдигар ба таври васеъ ҷойгиршудаи худро мегузаронад.
Ҳангоми беморро аз ҳолати хоби гипнозӣ берун баровардан мегӯянд: «Шумо ба қарибӣ бедор мешавед. Шумо худро хеле хуб ҳис мекунед. Шумо хуб хоб рафта дам гирифтед. Шумо рӯҳ ва қувваю дармони нав гирифтед. Хоби Шумо оҳиста-оҳиста мегузарад. Ҳоло Шумо пинак рафта истодаед. Шумо хеле сабук шудед. Акнун бедор шавед!»
Сеансҳои таъсири гипнозиро якбора бо гурӯҳи беморон гузаронидан мумкин аст, ки ин на танҳо ба сарфа кардани вақт, балки ба баланд шудани дараҷаи талқиншавандагӣ имконият медиҳад. Сеансҳои

пешина
аз 223
навбатӣ