Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
фақат лаҳзаҳои алоҳидаро ҳангоми баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ такрор менамоему халос.
Беҳдошти рӯҳии синну соли кӯдакӣ
Дар давраи навзодӣ (аз рӯзи таваллуд то 2–3-моҳагӣ) инкишофи бошиддати анализаторҳо сурат мегирад, ки он аз инкишофи ҷисмонӣ пеш мегузарад ва ба пайдоиши рефлексҳои шартӣ мусоидат мекунад. Агар кӯдаки навзод ба шароити изолятсияи сенсорӣ афтад, он гоҳ ташаккули анализаторҳо боздошта мешавад, ки он ба тараққиёти рӯҳии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.
Аз давраи 2–3-моҳагӣ то яксолагии кӯдак, вақте ки ба тараққиёти ӯ ҳаракатҳои ишоратӣ таъсири калон мебахшанд, «ғӯн-ғӯн»-е пайдо мешавад, ки дар он малакаи талаффуз намудани овозҳои забони модарӣ ташаккул меёбад. Ин амал ҳангоми ҳузур доштани шахси калонсол ва амалҳои ҳавасмандкунии ӯ аҳамияти калон дорад. Кӯдак дар ҳузури шахси калонсол ба таври фаъол амалҳои ишоратӣ карда, овоз мебарорад. Ҳангоме ки шахси калонсол кӯдакро рӯи даст гирифта, ӯро бозӣ медиҳад, кӯдак таассуроти зиёд мегирад, ки ба инкишофи ӯ мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, дар интиҳои синну соли кӯдакӣ пайдо шудани фаъолияти тақлидкорӣ, ки ба тараққиёти психика аҳамияти калон дорад, низ аз ҳузури одами калонсол вобаста аст.
Дар синну соли ибтидоии кӯдак (аз 1 то 3-солагӣ) роҳгардии мустақилонаи кӯдак ба тараққиёти рӯҳии ӯ такон медиҳад ва ба ӯ инчунин имкон медиҳад, ки ба миқдори зиёди чизҳо ва хусусиятҳои онҳо шинос шавад. Кӯдак дар ин давраи синну сол бо предметҳо бозӣ карданро ёд мегирад, ки онҳо дар ҳаёти одам вазифаи муайянро адо мекунанд.
Ҳангоми бо чизҳо бозӣ кардан кӯдак вазифаи онҳоро низ аз худ мекунад. Аз ин рӯ, дар ин синну сол кӯшиш кардан лозим аст, ки барои тараққиёти дурусти рӯҳии кӯдак дастрас будани чизҳои гирду атроф камтар маҳдуд бошад. Кӯдак дар интиҳои 3-солагӣ ба мустақил будан ҳаракат мекунад. Агар калонсолон муносибати худро чун пештара нигоҳ доранд ва мустақилияти ӯро маҳдуд намоянд, кӯдак инҷиқ, гапнодаро,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор