Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа
якрав мешавад, яъне «буҳрони сесолагӣ» рӯй медиҳад. Агар калонсолон мустақилияти кӯдакро беасос маҳдуд накунанд, он гоҳ аз ҳодисаҳои буҳронӣ дар канор мондан мумкин аст.
Ҳаракати кӯдак ба сӯи мустақилӣ ҳангоми бозӣ зоҳир мешавад ва «ҷамъияти кӯдакон» ташаккул меёбад. Аз «ҷамъияти кӯдакон» маҳрум кардани ӯ маънои ба инкишофи рӯҳии кӯдак таъсири манфӣ расонданро дорад. Шарти зарурии ташаккули мӯътадили рӯҳии кӯдак ин ташкили дурусти фаъолияти бозӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар давраҳои томактабӣ ва хурди мактабӣ бояд таълим шакли бозиро ба худ гирад.
Тараққиёти рӯҳии кӯдак протсесси номуташаккил нест, балки дар зери роҳбарии бевоситаи калонсолон ба вуҷуд меояд ва бо усулҳои ба вуҷуд омадаи таърихии тарбия таъмин карда мешавад. Тарбия ҷараёни мунтазам аст, аммо аз давраи мактабрав шудани кӯдак ғайр аз оила тарбиятгари асосии ӯ системаи таълим мешавад.
Таълими дуруст ташкилшуда рӯҳро солим гардонида, тараққиёти онро мутаносиб мекунад. Нуқсонҳои таълим бошад, ба қафомонӣ сабаб шуда, баъзе элементҳои ҳанӯз инкишофнаёфтаи рӯҳи кӯдакро нигоҳ медоранд.
Дар синну соли наврасӣ, дар давраи пубертатӣ дар ҷисму рӯҳ вобаста ба балоғати ҷинсӣ тағйирот ба амал меояд. Дар духтарбачаҳо дар ин давра ҳайз (менструатсия) ба амал меояд, ки он ба рӯҳи онҳо низ бетаъсир намемонад. Дигаргуниҳои биологии наврасон аз рӯи баҳодиҳии онҳо ба ҳақиқат муайян карда мешавад. Аммо ин дигаргуниҳо агар аз тарафи калонсолон фаҳмонда шаванд, ба ташаккулёбии мӯътадили рӯҳии наврас халал намерасонанд.
Беҳдошти рӯҳӣ дар давраи ҷавонӣ
Ҷавонӣ як давраи муайяни синну сол аст, ки дар байни бачагӣ ва камолот меистад (аз 14 то 18-солагӣ).
Ҳангоми баҳодиҳӣ ба ҳар гуна рафтор, ҳамеша онро бо ягон меъёр муқоиса мекунанд. Каҷравиҳои рафторро ҳамчун таҳрифи инкишоф ишора мекунанд. Рафтори таҳрифноки инкишоф ҳамчун системаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор