Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ТибТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

Таассури мувофиқ ба беморӣ аз дараҷаи камолоти шахсият ва имкониятҳои фикрии ӯ вобастагӣ дорад. Дар шахсони ба камол нарасидаи хусусияти кӯдакона дошта, бисёр вақт радкунии касалӣ ё «ба касалӣ даромадан» мушоҳида мешавад.
Асосҳои беҳдошт (гигиена)-и рӯҳӣ ва пешгирӣ (профилактика)-и рӯҳӣ
Таълимот дар бораи беҳдошт илм дар бораи саломатӣ ва нигоҳдории он мебошад. Беҳдошт ҳамчун илм як қисми пешгирикунии тиббӣ мебошад, ки таъсири омилҳои муҳити берунӣ ба саломатии инсон ва коркарди пешгирикунии касалиҳоро меомӯзад.
Беҳдошт ҳамчун таълимот дар бораи саломатӣ бо беҳдошти рӯҳӣ – яъне илм оид ба нигоҳдории саломатии рӯҳӣ сахт алоқаманд аст.
Вазифаи асосии беҳдошти рӯҳ – омӯзиш ва чорабиниҳо оид ба нигоҳдории саломатии рӯҳии одам мебошад. Беҳдошти рӯҳ ва пешгирии бемории рӯҳӣ бо ҳам зич алоқаманд мебошанд. Беҳдошти рӯҳ инчунин бо терапияи рӯҳӣ алоқаманд аст, ки он бо ёрии усулҳои худ ин ё он сифати фардро ислоҳ мекунад.
Чи тавре ки дар боло зикр карда шуд, рӯҳи инсон аз лаҳзаи ба дунё омадан дар ҳолати ташаккули доимӣ мебошад. Яке аз шартҳои асосии ташаккули рӯҳии инсон дар ҷараёни таълим аз худ кардани таҷрибаи иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дар байни рӯҳи кӯдаки ширмак, синну соли ибтидоии кӯдак, синну соли томактабӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, камолот ва пирӣ фарқияти калон мавҷуд аст.
Аз ин рӯ, масъалаҳои асосии беҳдошти рӯҳиро мувофиқи синну сол омӯхтан зарур аст. Мо дар ин ҷо ба мафҳумҳои психологияи синну солӣ, ки онҳоро дар бобҳои пештара дида баромада будем, такя мекунем ва

пешина
аз 223
навбатӣ