Зеҳн
Психологияи умумӣ, синнусолӣ ва тиббӣ

Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Дар он асосҳои психологияи умумӣ (эҳсос, идрок, хотира, тафаккур, ҳиссиёт, ирода, шахсият), хусусиятҳои психологияи синнусолӣ ва масъалаҳои психологияи тиббӣ, деонтология ва психотерапия баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 14 ноябри 2026 · 223 саҳифа

ИлмТибТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз рӯи варианти ғашкунандагӣ ба беморӣ ҳамеша аз будаш зиёд баҳо дода мешавад. Шахсоне, ки майли зиёди ҳаяҷон ва хаёлпарастӣ доранд, гӯё ки дар дохили «касалӣ» зиндагӣ карда, худро аз ҳад зиёд ранҷур ҳисоб мекунанд. Нисбат ба худашон диққати махсусро талаб карда, атрофиёнро ба «бедиққатӣ» ва беҳамдардӣ айбдор мекунанд.
Варианти эйфорӣ-анозогнозии таассур ба касалӣ ин бедиққатӣ ба саломатии худ, рад кардани касалӣ, розӣ нашудан ба муоина ва табобат мебошад.
Якчанд типи аксентуатсияи характер ва хусусиятҳои ба онҳо мувофиқи муносибатро ба касалӣ ҷудо кардан мумкин аст, ки аз байнашон типҳои шизоидӣ, гипертимӣ, ноустувор, астеникӣ, сензитивӣ, сиклоидӣ, эпилептоидӣ, параноялӣ ва ғайраро номбар мекунем. Масалан, ба типи сензитивии аксентуатсияи характер таъсирпазирии баланд, тарсу ҳарос, ҳисси номукаммалӣ хос аст, ки мувофиқи ин сифатҳо бемор касалии худро дарк мекунад ва аз он мутаассир мешавад. Ба типи шизоидӣ дамдуздӣ, ҷудоӣ, таваҷҷуҳ пайдо намудан ба худ /интроверсия/, дилсардӣ ва беилтифотӣ дар муносибатҳо бо дигарон хос мебошад. Мувофиқан аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ муайян кардани муносибатҳои ҳамин гуна бемор ба касалии худ душвор аст, вале он чиз, ки ин муносибат, мутаассиршавӣ аз касалӣ мавҷуд аст ва ҳарчанд чуқур ҷойгир шуда бошад ҳам, шубҳаеро ба миён намеоварад. Ба ин гуна беморон боэҳтиёт, бодиққат, ғамхорона ва хайрхоҳона муносибат кардан зарур аст.
Умуман, қисми зиёди беморон ба касалиашон баҳои дуруст дода, супоришҳои духтурро иҷро карда, тартиботро риоя мекунанд.
Шахсиятҳои пурқувват, ботамкин ва рӯҳан бакамолрасида одатан касалиашонро дуруст дарк карда, барои халос шудан аз он чораҷӯӣ мекунанд. Аммо дар ин ҳолатҳо нақши асосиро суҳбатҳои психотерапевтии духтур мебозад.

пешина
аз 223
навбатӣ