Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ба ҳамин тариқ тадқиқотҳои мо ба чунин фаъолиятҳо равона гашта буданд:

  • муайян намудани шахсон, деҳқонон, омма ва деҳот, ки дар он ҷо донишҳои мардумӣ, таҷриба, малака ва гуногунии набототу ҳайвонот ҳифз гаштааст,
  • гузаронидани вохўриҳо ва сўҳбатҳо ба шахсоне, ки донишҳои қадимаро ва таҷрибаҳоро дар деҳот нигоҳ доштаанд ё ин ки онҳо навъҳои маҳаллии зироатҳои кишоварзиро, зотҳои чорво ва паррандагонро, ҳамчун манбаи гуногунии биологӣ нигоҳ доштаанд,
  • навиштани таҷриба ва малака оид ба донишҳои мардумӣ, навъҳои нодири маҳаллии зироатҳо, зоти чорво ва паррандагон дар деҳот,
  • муайян намудани роҳҳои минбаъд ҳифз намудани донишҳои суннатӣ, малакаҳо ва таҷрибаҳои нодир дар бахши кишоварзӣ ва истифодаи онҳо баҳри рушди ояндаи ҷомеа.
    Олими намоён Николай Иванович Вавилов ҳанўз дар қарни гузашта чунин қайд намуда буд… «ҳоло нисбати он гуногунии биологие, ки табиат онро дар давоми ҳазорон ва миллион солҳо тавлид намудааст, хело ғамхор бояд буд» ва академик Серебровский А. С. бошад оиди ҳифз ва афзун намудани гуногунии биологӣ чунин гуфта буд… «маҷмўи ҳамаи генҳои намудро… ман генофонд номидам, чунки генофонд ҳам мисли захираҳои нафт, тилло, ангиштсанг, ки дар қаъри конҳои мо ниҳонанд, боигарии миллӣ ба шумор меравад».
пешина
аз 56
навбатӣ