Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа
РОМАН
ЗАРАФШОН
ШАРИФА
КИТОБИ ДУВВУМ
Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад...
Рўдакӣ
ГУМ
Усто Қодир се писар дошт: Бурҳон, Ҷўра, Сангин. Ба писари бузургаш Бурҳон эътибори хоса медод ва ҳунари меросӣ меомўхт, ҳамроҳ мегардонд ва чун ба хона ояд, ғамбарораш писари хурдӣ Сангин буд; хандаҳои ўро, садои ўро дўст медошт: «Писар ба тағо мекашад, хушхон мешавад» – гуфта, таъриф мекард ва ҳам ба занаш Шарифа мефаҳмонд, ки ҳамноми писари хурдӣ – бародари шаҳиди ўро ёд мекунад; ба писари миёнааш Ҷўра, ки қанду қурсро дўст медошт, чун падар менигарист. Ва ҳарфаш ин буд:
«Моли нар барои кор, моли нар барои корд…» Ва ҳама корҳое ки молҳои нар бояд бикунанд, қатор мекард: гови нар ҷуфт мекунад, хирман мекўбад, аспи нар буз мекашаду саворӣ дорад, хари нар бор мекашад... ва вазифаи модаро зоидан медонист, занмиҷозонро бад медид, мардони хуносоро ба ин тоифа ҳамроҳ мекард ва боз аз ин тоифа бароварда, инсон ҳам намешумурд... Духтарро моли кас медонист. Занаш – Шарифаро барои пурбардошт ва шуҷоъ буданаш эҳтиром мекард ва худ ба худ меандешид, ки ў набошад ҳам, завҷааш рўзгор ва кўдаконро саришта мекунад. Аз ҷинси латиф Ширбаданро ёд мекард, вале дар ҳеҷ ҷо даракашро наёфт.
Баъд солҳоро лаънат хонд: «Чӣ дунёе шудааст ин дунё? Саг рўз дораду инсон на».
Чунин буданд он солҳо: ошўбу балвоҳо андаке фурў хобида, гумоштагони Ҳукумати Подшоҳӣ ба андозчинӣ ва гирд овардани сарвату дунёӣ пардохтанд; дар ноҳияҳо ва волостҳои водии Зарафшон ягон-ягон нохушиҳо, роҳзаниҳо, қасду қасосгириҳо рух заданд, хавфу хатари раҳу рў афзуда буд. Дар чунин айём касони худро андаке шинохта ва аз рафти замона рамузгирифта, сипоҳ, муғамбир ва чапдаст худшиносӣ доштанд, давлаташон қўр гирифта буд ва гўё камарбандашон ҳафтнигин гашта. Яке аз чунинон Зуҳур буд. Зуҳур ба назари мардуми деҳ якбора чашмнамо шуд, чунон ки аз миёни кўҳнадеворе хуми тилло ёфта бошад. Гашташ дигар, пойгузориаш дигар, даму нафасаш дигар гашт. Ба назар ҳама чиз дошту иморати чаҳор кас медидагӣ надошт, аз ин рў, аз усто Қодири гулдаст пурсид, ки барояш иморати болохонадор пўшонад. Шояд барои он бошад, ки дар болохона меҳмонони олиқадр – намояндагони Ҳукумати Подшоҳӣ ва беку бекчаҳои гирду атрофро пазироӣ бикунанд, нону намак диҳанд ва бо чунин роҳ худро миёни мардум обрўманд гардонанд. Гўё дунё, шароит ба рафтори онҳо мусоидат мекарда бошад; олам осуда гашта, айёми фароғат фаро расидааст; уқёнуси гетӣ чунон ором, ки на мадд дораду на ҷазр...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё