Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бехабар аз он ки Зарафшон зери Дупула гирдоб карда, гум созад ва чунон фурў барад инсони ангро, ки мурдаашро чанд фарсах поёнтар ёбанд. Гирд гардад, даҳана созад ва дар талоши қурбониҳои зиёд аст...
Зарафшон аз баландиҳо ҷорӣ шавад. Сар ба сангҳо зада, пазад. Аз чашмаву шохобҳо руди азим ба миён ояд; маҷроро пур кунад, дамад, хунталаб шавад; ду маҷрои зери пулҳои Дупуларо пур карда, гирдоб офарида, гум сохта, қурбониҳоро фурў бурда, майиту хасу хошокро бори амонат дониста, канор афканда, ҷористу ҷорӣ...
Зуҳур худро дар диёр хоҷатбарор ва мушкилосон медонист ва каси ба ин диёр сар халондаро нон дода метавонист; ў деҳаро бедеҳхудо дида, ба кадом чизи ғайбӣ умед баста, аз паи беҳбудии кор ва рўзгор афтод: ба нияти иморати хуб як сабоҳ ба даргоҳи усто Қодир рафт ва ба оҳанге, ки деҳхудо шуда бошад, аз ў пурсид, то барояш хидмат кунад. Усто Қодир дарун-дарун туғён кард, ки ин марди зоғсор ўро ҳамчун хидматгор донад; ў хост, ки Зуҳур ҳамчун ҳунарманд бишносадаш. Ва вақте ки Зуҳур вазъи ўро пай бурда, оҳанги суханашро дигар карда «аз шумо як хотира монад, усто»
гуфт, усто ба қадри хеш сўхт ва ҷавобе нагуфта, косаи сарширро назди меҳмон гузошта, аз паи овардани чизҳои дигар рафт. Вале пай набурд, ки ҳолиё ду дил дорад; як дил мегуфт, ки бирав, дили дигар талқин мекард, ки марав. Дар ҳайрат буда аз рафтори ў:
«чӣ шуда бошад ба ин одам?»
— Меҳмон – атои Худо... чой гиред! – ҳарф дигар карданӣ шуд усто ва дид, ки Зуҳур ба дастархони ў эътибор намедиҳад, миёни абрўвонаш гиреҳ афтод.
— Дунё ба умед, усто, – чӣ андеша дошт, ки гуфт Зуҳур ва идома дод: – Замона – аҷоиб... ҳар рўз ба сад ранг гардад...
— Ҳа-а, дунёи бўқаламун...
— Имрўз – ҳут, фардо – тут. Дунё ба умед, як иморатча карда монем, кӣ медонад, фардо соҳиби дам чӣ фармояд?
— Худаш донад...
...Баъди мулоҳизаи беандоза усто Қодир афзори ҳунар гирифта ба даргоҳи Зуҳур омад ва баробари аз дарвоза ворид гаштан ҳавлии ўро бо ҳавлии бобои Наврўз муқоиса кард ва баъди ошно шудан рафтору рўзгорашро низ. Ва ба ҳар қадаму гиру мони аҳлу аёли ин хонадон зеҳн монд. Устои пурдида чунон вонамуд мекард, ки ба чизе, ба касе эътибор намедиҳад, гирифтори кори хештан аст. Аз ин рў зану духтари хонахудо чунин хислати усторо дида, рў напўшиданд. Духтари кокулдори ў ва писари девонафеълаш чандон диққати усторо накашид, вале Бурҳони ҳамчун ёри кор омада дуздида ба духтарак менигарист ва аз рафтори писарак ғаш мекард.

пешина
аз 421
навбатӣ