Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа
РОМАН
ДОСТОНИ
ПИСАРИ ХУДО
Мебойист китоби саввуми достони «Зарафшон»-ро менавиштам.
Ин бахш аз рўзгор ва қисмати шоири ҳиндусабку бедилшинос Нақибхони Туғрал ҳикоят бояд бикунад. Чунон буд, ки Туғрал дар солҳойи ҷанги гражданӣ чун донандайи забони русӣ ба ҳайси тарҷумон аз Самарқанд то Фарғар ҳамроҳи фавҷи ёрирасони рус биравад ва торихи ободониву харобиҳойи водийи Зарафшонро бозгў бикунад. Гўяд, ки ин сарзаминро Искандари Мақдунӣ дуҳазору дусад сол қабл аз ин зери пой карда буд. Пасон ин корро арабҳо такрор карданд дар асри VII. Сонӣ муғулу манғитҳо хор доштанд суғдинажодонро. Ва қадами шумо аввалин набувад дар ин покбум...
Ва аз ҳама тартумартҳо тохти юнониёну мақдуниёнро пазируфтам баройи таҳқиқу таҳрир. Чун маводи асар омўхтам ва ворид ба рўзгори Файлақусу Олимпиада шудам ва қадам ба қадам бо Искандар сўйи Офтобнамо рафтам, бузургиву ҳашамат, сипоҳдориву ҷаҳонхоҳӣ, ҳушдориву макру ҳиял ва набарду пархоши Искандари Мақдунӣ, инчунин торихи давлатдорийи империяйи бузурги ҳахоманишиён, буздилийи вопасин шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ Доройи Саввум нағунҷид андар «Зарафшон», чунон ки нағунҷида буд Искандар андар Мақдуниё. Ва худам нағунҷидам дар кулбаам, дар кишварам, – андар шаҳри Душанбе, зеро бисёр ҳамватанонам, дўстонам аз нобобиву ноҷўриву нобасомонийи рўзгор тарк гуфта буданд буму марзро, шаҳрро, дудаву дудмонро.
Зибаски кас надида ва торих надониста чунин набарди бемақсадро. Чун ба гурўҳе дилбасту побанд набудам, ҷанги бемаънийи бародаркушро нафрин хондам ва гурезро баройи як фарди тоҷики суғднажод нанг донистам, хонабанд кардам хешро. Дилу ёдам фирорӣ буд, худам – хонабанд. Ва пардозидам ба навиштани «Достони писари Худо». Он гаҳ ки тохтану куштану сўхтану бурданро бо чашми хеш медидам, ба назарам, тартумарти сипоҳи Искандар ва хиёнатҳойи мамлукҳойи юнонӣ ба эрониёнро навиштан саҳлу осон намуд. Вале хеле сахту сангин ва андўҳовару нангин буд таҳрири ин мавзўъ, ки гўйӣ бо хуни тоҷик навишта шудӣ.
Шояд касоне пайдо шаванд, ки китобро нахонда, таъна бар ман зананд, ки дар борайи Искандари Мақдунӣ ва лашкар-кашиҳойи ў кўҳ-кўҳ китоб навиштаанд ва чӣ ҳоҷат буд, ки Сорбон ҷанги бародаркушро монда, «Достони писари Худо»-ро нависад?
«Дебоча» посух бувад ба чунин пурс:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё