Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. УСУЛҲОИ ИҶРОИШИ КОРҲОИ ТАДҚИҚОТӢ

Баҳри иҷроиши корҳои саҳроӣ мо методологияи махсусро таҳия намудем, ки вай аз чунин давраҳо иборат буд:

  • сафарҳо ба ноҳияҳои омўзишӣ ва супоридани мактубҳои расмӣ аз номи ташкилот ба номи раисони ҳукуматҳои ноҳияҳо ва баҳс намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои корҳои нақшавӣ,
  • вохўрӣ бо роҳбарони ассотсиатсияҳои деҳқонии ноҳияҳо ё ин ки бо ҷонишинони раисони ҳукумати ноҳияҳо оид ба корҳои кишоварзӣ ва шўъбаҳои ҳукуматҳои маҳал. Баҳси мақсаду мароми барномаҳои кории мо ва гирифтани тавсияҳои онҳо оиди вохўриҳо бо калонсолони деҳот, деҳқонони таҷрибанок, ташкил намудани вохўриҳо ба онҳо оиди малакаҳо ва донишҳои суннатӣ доир ба гуногунии биологӣ дар сатҳи ноҳия,
  • рафтан ба ҷамоатҳои деҳот ва ташкил намудани вохўриҳо бо намояндагон ва коргарони ташкилотҳои маҳаллӣ ва шинос намудани онҳо ба мақсаду вазифаҳои корҳои омўзишӣ,
  • ба даст овардани маълумотҳо оид ба донишҳои мардумӣ ва гуногунии биологӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот,
  • муайян сохтани ҷои зисти калонсолони деҳа, деҳқонони таҷрибанок, занҳои калонсол ва дигарон, ки солҳои дароз дар саҳро кору фаъолият намудаанд,
  • сафар ба деҳаҳо ва ташкил намудани вохўриҳо бо деҳқонони таҷрибанок, занҳо ва дигарон дар сатҳи деҳаҳо.
  • рафтан ба хонаҳои деҳқонони таҷрибанок, занҳои таҷрибанок ва шинос намудани онҳо бо мақсаду вазифаҳои барномаи омўзишӣ, саволу ҷавобҳо, инчунин гирифтани расмҳои деҳқонон, навъу намудҳои дарахтони мевадиҳанда, меваҳо, тухмиҳои навъҳо, зоти чорво, паррандаҳо ва дигар маводҳои лозима оиди донишҳои мардумӣ, таҷрибаҳо ва малакаҳо,
  • гузаронидани пурсишнома дар асоси саволномаи пешакӣ тартиб дода шуда,
  • ба навор гирифтани равиши сўҳбатҳо, саволу ҷавобҳо ва гирифтани расмҳо дар ҷараёни тадқиқотҳо,
  • давом додани вохўриҳо ва сўҳбатҳо бо дигар деҳқонон, занҳо ва дигар иштирокчиёни вохўриҳо оид ба донишҳои мардумӣ ва таҷрибаҳои онҳо, инчунин навишта баҳо додани навъҳои қадимаи дарахтону растаниҳо, намудҳои зироатҳо ва дарахтон дар макони парвариши онҳо дар маҳал,
  • ташкил намудани вохўриҳои оммавӣ бо деҳқонон, гузаронидани семинарҳои хурд (мини семинаров) бо иштирокчиёни вохўриҳо,
  • навишта гирифтани натиҷаҳои вохўриҳо ва сўҳбатҳо (як нафар тадқиқотчӣ савол медиҳад, тадқиқотчии дигар менависад раванди саволу ҷавобро, нафари сеюм бошад ба наворгирӣ ва расмгирӣ машғул мешавад),
  • натиҷаҳои ба даст овардаро мутахассисон дар офис баҳс намуда, ҳамаи ахборотҳо аз дафтарҳо ба компютерҳо гузаронида, манбаъи маълумотҳо (база данных) ташкил дода мешавад,
  • Ҷамъбасти натиҷаҳои гирдоварда шуда ва навиштани ҳисобот оид ба тадқиқотҳои гузаронидашуда.
пешина
аз 56
навбатӣ