Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ

Донишу таҷрибаҳои нодиру анъанавии мардумӣ дар бахши кишоварзӣ, аз қабили усулҳои истифодаи оқилонаи замину об, нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҳифзи хок аз бодхўрдашавӣ, пайвандзанӣ, мубориза ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ба даст овардани навъҳои нави зироатҳо, тухмипарварии зироатҳо, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулотҳо ва ғайраҳо аз тарафи мардум ва донишмандону оқилони бахши кишоварзӣ дар муддати таърихи тўлонӣ андўхта шудаанд ва то имрўз онҳо ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд. Ин донишҳои нодири анъанавӣ барои наслҳои оянда имрўзу фардо низ заруранд ва бояд роҳу усулҳои нигоҳ ва ҳифз намудани ин донишҳои суннатиро барои наслҳои оянда тақвият бахшида, онҳоро нигоҳ дорем. Бинобар ин дар китоби мазкур мо чанде аз тавсифу дастрасии баъзе аз таҷрибаҳои нодири мардумиро, ки аз ҳаёту таҷрибаи мардуми деҳоти гуногуни Тоҷикистон гирд оварда шудаанд, ба хонандагону деҳқонон, олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ бо камоли мамнуният пешкаш менамоем. Инчунин дар китоб доир ба баъзе аз навъу намудҳои нодири растаниҳо, ки ҳоло дар ихтиёри мардуми кишоварз қарор доранд, маълумотҳои зарурӣ пешкаши хонандагон мегардад.

САРСУХАН
Одамон аз қадимулайём баҳри рўзгузаронӣ асосан аз захираву ресурсҳои табиӣ истифода бурдаанд. Аммо бо мурури афзоиш ёфтани миқдори одамон дар кураи Замин, талаботҳои моддӣ, иҷтимоӣ ва маънавии одамон сол аз сол афзун гашт, ки ин сабаби асосии андўхтану кашф намудани таҷриба ва донишҳои нодири мардумиро пеш овард. Дар натиҷа малака ва донишҳои мардумӣ сол аз сол сайқал ёфта, дар байни мардум, деҳқонон ва кишоварзон васеъ истифода гаштанд. Вале, бояд қайд намуд, ки аз сабаби рў ба афзоиш доштани нуфуси одамон дар сайёра, дар оянда масъалаи таъмини одамон бо маводҳои лозимаи хўрока ва пўшока мушкилотро пеш меорад ва дар баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳо ва чорво дар бахши кишоварзӣ саҳми донишҳои нодири мардумӣ ниҳоят калон мегардад. Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда, ҳоло миқдори истеҳсоли нафт, ангиштсанг, маводҳои аз ҷангалҳо ба даст овардашаванда, обҳои нўшокиву обиёрикунанда ва дигар захираҳо ниҳоят бо суръати баланд дар сайёра кам гашта истодаанд. Аз тарафи дигар аз сабаби дар мамлакатҳои тараққикардаи олам, ба монанди Амрико, Чин, Русия, Ҳиндустон ва ғайраҳо афзудани миқдори заводҳо, фабрикаҳо, автомобилҳо, киштиҳо, тайёраҳо (самолётҳо), корхонаҳои саноатӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои талаботи одамон боиси зиёд гаштани гази карбон дар қабати болои атмосфера ва сол аз сол ғализ гаштани муҳити зист ва тағйирёбии иқлими сайёра гаштааст.
Яъне инсон ҳамчун омили таъсиркунандаи антропогенӣ дар натиҷаи фаъолиятҳои гуногуни хеш ба табиат ва муҳити зист таъсири манфӣ расонид, ки ин билохира ба зиёдшавии гази карбон ва дигар газҳо дар қабати атмосфераи Замин оварда расонид.
Умуман дар давоми асри XX ва 15 соли сипаригаштаи асри XXI дар сайёра миқдори газҳои ихроҷшуда ба осмон хело афзуд, ки дар натиҷа ҳарорати кураи Замин низ хело баланд шуд. Ҳоло аз сабаби баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар сайёра, кам гаштани миқдор ва майдони пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаҳои табиии оби ошомиданӣ, заиф гаштани саломатии одамон, аз байн рафтани миқдори зиёди навъу намудҳои наботот ва ҷинсҳои ҳайвонот ва дигар мушкилотҳои экологӣ дар табиат мушоҳида мегарданд.
Ин нишонаҳои харобшавии муҳити зист ва табиат ҳамаи бошандагони сайёраро водор месозад, ки минбаъд дар фаъолиятҳои хеш оиди истифодаи сарватҳои табиат ва захираҳои он боэҳтиёт бошанд ва барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳои вазнин талош варзанд. Пеш аз ҳама одамон бояд ба ҳарчӣ кам хориҷ гаштани гази карбон дар оянда диққати махсус диҳанд. Ҳар як шахс метавонад, ки бо роҳи дуруст дарк намудани ин мушкилиҳо каме бошад, ҳам ба табиат ва муҳити зист таъсири мусбӣ расонад. Масалан, бо роҳи кам буридани дарахтон ва афзоиш додани майдони ҷангалзору дарахтон мо метавонем, ки ба муҳити атрофи деҳаамон, бо роҳи истифодаи оқилонаи зироатчигии органикӣ ҳосилхезии заминро ва дар натиҷаи босамар истифодабарии об эрозияи заминро дар кишоварзӣ нигоҳ дорем. Яъне дар оянда мо чи тавр ба муҳити моро фарогиранда муносибат менамоем, чи тавр мо аз захираҳои табиӣ сарфаю сариштакорона истифода мебарем, ҳамон қадар наслҳои оянда метавонанд осудаҳол ва чунин мушкилиҳои экологиро кам ҳис намоянд.
Дар муддати солҳои тулонӣ падарону бобоҳои мо дар натиҷаи истифодабарии таҷрибаи андўхтаи нодири хеш, яъне донишҳои суннатии қадимаи мардумӣ ба фарзандони хеш, ба наслҳо таҷрибаи рўзгузарониро мерос мондаанд.
Ва дар ин раванд асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абу Абдулло Рўдакӣ чунин фармудаанд:

Ҳар ки наомўхт аз гузашти рўзгор,
Ҳеҷ наомўзад зи ҳеҷ омўзгор.
Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри даъфи ҳаводис туро ояд ба кор.

Чунин донишҳои нодири мардумӣ, аз қабили усулҳои истифодаи оқилонаи замину об, нигоҳдории гуногунии биологӣ, ҳифзи хок аз бодхўрдашавӣ, пайвандзанӣ, мубориза ба муқобили касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон, ба даст овардани навъҳои нави зироатҳо, тухмипарварии зироатҳо, коркард ва нигоҳ доштани маҳсулотҳо ва ғайраҳо аз тарафи мардум ва донишмандону оқилони бахши кишоварзӣ дар муддати таърихи тўлонӣ андўхта шудаанд ва то имрўз онҳо ҳифзу нигоҳ дошта мешаванд.
Имрўзу фардо ин донишҳо барои наслҳои оянда низ заруранд ва ҳамагон бояд роҳу усулҳои нигоҳ ва ҳифз намудани ин донишҳои нодири мардумиро барои наслҳои оянда қавӣ ва устувор гардонем.
Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, пеш аз ҳама навъҳои маҳаллӣ ва суннатие (бобогие), ки онҳо аз аҷдодони гузашта ба мо мерос мондаанд, ҳамагон онҳоро дар оянда бояд ҳифз намуда, афзоиш ва зиёд гардонанд. Бояд қайд намуд, ки аксари навъҳои маҳаллии дарахтону зироатҳои кишоварзӣ ба касалиҳо ва ба хушкӣ тобовар буда, сифати баланди таъму ғизогӣ дошта, хусусияти махсуси хосаи агроэкологияи ин ё он маҳалро соҳибанд.
Аз тарафи дигар мардуми маҳал низ дар муддати тулонӣ ба меваю маводи ин навъҳои маҳаллӣ одат кардааст ва онҳо ғизои аввалини давраи дуру дарози мардуми маҳал ба шумор мерафтанд.
Вале, солҳои охир аз сабаби кам гаштани ғамхорӣ нисбати ин навъу намудҳои гуногуни маҳаллӣ, аллакай як қисми онҳо талаф ёфтаанд. Аз ин лиҳоз нигоҳ доштани навъҳои нодири маҳаллӣ дар оянда метавонад, дар таъмини бехатарии озўқаворӣ дар мамлакат саҳми арзанда дошта бошад.
Ба ҳамин тариқ дар оянда тақвият бахшидани донишҳои мардумӣ ва ҳифз намудани навъҳои маҳаллӣ дар соҳаи кишоврзӣ метавонад ҳамчун яке аз омилҳои муҳими мутобиқшавии мардуми маҳал дар рафъи таъсири манфии омилҳои глобалӣ, аз қабили камбизоатӣ, нарасидани маводи ғӣзоӣ ва тағирёбии иқлим кўмаки хешро расонида метавонад. Бинобар ин дар ин ҷо дар бобати тавсифу хусусиятҳои донишҳои нодири мардумӣ ва истифодаи онҳо аз тарафи мардум маълумотҳои муфид пешниҳод мегарданд.

аз 56
навбатӣ