Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан
  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО

Мақсади гузаронидани ин тадқиқотҳо омўхтан ва муайян намудани гуногунии агробиологии маҳаллӣ (мевагиҳо, ғалладонагиҳо, зироатҳои хўроки чорво), ки ҳоло онҳо парвариш меёбанд ва қисме аз онҳо дар ҳолати аз байн рафтан қарор доранд, иборат буд. Ба ғайр аз ин дар ҷараёни тадқиқотҳо донишҳои мардумӣ, таҷриба ва малакаи кишоварзон, роҳҳои аз нав эҳё сохтан ва нигоҳдории онҳо барои наслҳои оянда ва истифодаи онҳо дар раванди тараққиёти устувори ҷомеа низ ба ҷо оварда шуданд.
Баҳри иҷроиши ин мақсадҳои гузошташуда дар назди мутахассисон чунин вазифаҳо гузошта шуда буданд:
таъсис додани гурўҳи машваратӣ аз қабили олимон, калонсолон, занҳо ва ҷавонон баҳри омўзиши донишҳои мардумӣ дар ҷомеа ва дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ оид ба гуногунии биологӣ ва малакаҳои
суннатӣ,
ташкил намудани сафарҳо ба ноҳияҳои омўзишӣ дар
Тоҷикистон доир ба ташкил намудани вохўриҳо ва
мулоқотҳо ба калонсолон, деҳқонон, занҳо ва аҳолӣ
дар маҳал,
ҷамъ овардани маълумотҳои зарурӣ доир ба донишҳои
мардумӣ, таҷрибаҳо ва малакаҳо оиди гуногунии
зироатҳои кишоварзӣ, зотҳои чорво ва дигар намудҳои
набототу ҳайвонот,
гузаронидани пурсишҳо баҳри муайян сохтани
мушкилиҳо аз нуқтаи назари экологӣ, ҳифзи муҳити
зист, иқтисодиёти мардуми маҳал, ки ба донишҳои
мардумӣ алоқаманд мебошанд,
муайян намудани донишҳои мардумӣ ва таҷрибаҳо дар
байни калонсолон, занҳо, мутахассисони таҷрибанок
дар бахши гуногунии биологӣ, намудҳои растаниҳо ва
зоти чорво, усулҳои суннатии табобати касалиҳо ва
дигар анъанаҳои халқии фаромўшгашта,
пайдо намудани ҷойҳои асосии афзоиш додани
зироатҳои арзишдори зироатҳо, мевагиҳо, зоти чорво
ва дигар гуногунии биологӣ ва анъанаҳои халқӣ,
баланд бардоштани ҳавасмандии аҳолии маҳал доир
ба ҳифз намудани донишҳои мардумӣ, намунаҳои оригиналии растаниҳо, зоти чорво ва дигар намунаҳои
тадқиқотӣ дар маҳал,
ташкил ва таъмин намудани шароити минбаъд нигоҳдорӣ
ва афзоиш додани донишҳои зарурӣ ва анъанаҳо баҳри
дар оянда истифода бурдан ва афзоиш додан, ҷамъбаст намудани натиҷаҳои ба даст омадаи тадқиқотҳо оиди донишҳои суннатӣ ва малакаҳо дар солҳои оянда.

пешина
аз 56
навбатӣ