ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

- МЕТОДОЛОГИЯИ ОМЎЗИШИ ДОНИШҲОИ МАРДУМӢ
Баҳри иҷроиши корҳо доир ба омўзиши донишҳои нодири мардумӣ мо методологияи махсусро таҳия намудем, ки вай аз чунин давраҳо иборат буд: - Сафарҳо ба ноҳияҳои омўзишӣ дар водии Рашт (ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш) ва баҳс намудани ҳадафҳо ва вазифаҳои корҳои лоиҳавӣ, 2. Вохўрӣ бо роҳбарони Гурўҳҳои технологии деҳот (ГТД), ассотсиатсияҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳо, деҳқонон ва донишмандони таҷрибаҳои нодир дар деҳот оид ба корҳои кишоварзӣ ва шўъбаҳои ҳукуматҳои маҳал.
- Вохўриҳо ба донишмандони донишҳои суннатӣ доир ба гуногунии биологӣ дар сатҳи ноҳия,
- Рафтан ба ҷамоатҳои деҳот ва ташкил намудани вохўриҳо бо намояндагон ва коргарони ташкилотҳои маҳаллӣ ва шинос намудани онҳо ба мақсаду вазифаҳои корҳои омўзишӣ,
- Ба даст овардани маълумотҳо оид ба донишҳои мардумӣ ва гуногунии биологӣ дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот,
- Муайян сохтани ҷои зисти калонсолони деҳа, деҳқонони таҷрибанок, занҳои калонсол ва дигарон, ки солҳои дароз дар саҳро кору фаъолият намудаанд,
- Рафтан ба хонаҳои деҳқонони таҷрибанок, занҳои таҷрибанок ва шинос намудани онҳо бо мақсаду вазифаҳои барномаи омўзишӣ, саволу ҷавобҳо, инчунин гирифтани расмҳои деҳқонон, навъу намудҳои дарахтони мевадиҳанда, меваҳо, тухмиҳои навъҳо, зоти чорво, паррандаҳо ва дигар маводҳои лозима оиди донишҳои мардумӣ, таҷрибаҳо ва малакаҳо,
- Гузаронидани пурсишнома дар асоси саволномаи пешакӣ тартиб дода шуда,
- Навишта гирифтани натиҷаҳои вохўриҳо ва сўҳбатҳо,
- натиҷаҳои ба даст овардаро мутахассисон дар офис баҳс намуда, ҳамаи ахборотҳо аз дафтарҳо ба компютерҳо гузаронида, манбаъи маълумотҳо (база данных) ташкил дода шуд,
- Ҷамъбасти натиҷаҳои гирдоварда шуда ва навиштани ҳисобот оид ба тадқиқотҳои гузаронидашуда.
Нақшаи гузаронидани омўзишу тавсифотҳо оиди донишҳои нодири мардумӣ дар маҳал дар поён оварда мешавад.
Ба ҳамин тариқ тадқиқотҳои мо доир ба омўзиши таҷрибаҳои нодири мардумӣ ба чунин самтҳо равона гашта буданд:
муайян намудани донишмандон, деҳқонон, омма ва деҳот, ки дар он ҷо донишҳои мардумӣ, таҷриба, малака ва гуногунии набототу ҳайвонот ҳифз гаштааст, гузаронидани вохўриҳо ва сўҳбатҳо бо Гурўҳҳои технологии деҳот (ГТД), шахсоне, ки донишҳои қадимаро ва таҷрибаҳоро дар деҳот нигоҳ доштаанд ё ин ки онҳо навъҳои маҳаллии зироатҳои кишоварзиро, зотҳои чорво ва паррандагонро, ҳамчун манбаи гуногунии биологӣ нигоҳ доштаанд, навиштани таҷриба ва малака оид ба донишҳои мардумӣ, навъҳои нодири маҳаллии зироатҳо ва таҷрибаҳои мардумӣ дар деҳот, муайян намудани роҳҳои минбаъд ҳифз намудани донишҳои суннатӣ, малакаҳо ва таҷрибаҳои нодир дар бахши кишоварзӣ ва истифодаи онҳо баҳри рушди ояндаи ҷомеа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё