Шоҳроҳи истиқлол

Тайёр аст, ки ҳаёти сисолаи худро ба савдо монаду дар бадал, агар мумкин бошад, найнавозиро омўзад. Агар чунин ҳунар насибаш мебуд, дар канор ҳайратзадаву музтар намеистод, ба майдони холии бозор мерафту най мезад, най мезад, то замоне най мезад, ки сутунҳои бетонии бозор ба ларза меомаданд, роҳгузарони шитобзада аз роҳ бозмеистоданд ва бо шигифтӣ аз ҳамдигар мепурсиданд, ки «Ў кист? Чаро ин ҷо най мезанаду ашк мерезад? Дар дил чӣ дорад?» Ва гўш ба оҳангҳои ҳазинаш дода ашк мерехтанду дили пури худро холӣ мекарданд. Бо тааҷҷуб аз дил мегузаронданд, ки онҳо аз ҳамдигар он қадар бегона набудаанд, ҳамдард будаанд, вагарна дар атрофи як найнавоз ҳалқа баста баробар гиря кардан чӣ маъно дорад? Худоё, оё ин мумкин аст?!
Ба дил гуфт, ки мард ҳатман барои фурўхтани най ба бозор омадааст. Вагарна аз сари субҳ ин ҷо рост намеистод.
Қарор дод, ки найро, ба кадом қимате ки бошад, мехарад, навохта натавонад ҳам дар хона нигоҳ медорад. Насиб бошад, писарашро ба машшоқе шогирд мемонад, бигзор орзуяш дар писараш ҷомаи амал пўшад. Оё худаш омўхта наметавонад? Сӣ сол чӣ? Ҳанўз пир нашудааст. Не, ин ба гуфтан осон. Дилаш мекафад. Вақте ки ин қадар ғусса дар гулўяш гиреҳ задааст, оё найнавозиро омўхтан мумкин аст?
Танҳо дар бачагӣ, дар овони беғамӣ метавон бо най сару кор дошт. Баъде ки ёд гирифтӣ, бо нолааш нолаи дили ту низ берун мерезад ва тассалло меёбӣ. Роҳи дигараш нест.
Ба найнавоз салом дод. Мард сар ҷунбонд, аммо навохтанро бас накард. Дурудароз маътал истод, ниҳоят пурсид:
– Фурўхтанӣ ҳастед?
Найнавоз лаҳзае найро аз лаб гирифту пурсид:
– Чиро?
Ин савол бемавқеъ намуд, вале Гулбой оромона гуфт:
– Найро.
Садои най ҳамвор ба атроф паҳн мешуд, ба шифти баланди бозор дакка хўрда, ба ғурриши мошинҳои камчини кўча дармеомехт.
– Не, бачам, намефурўшам.
– Пас чаро...
Мард найро ба бағал андохту маҳзунона гуфт:
– Ман ин ҷо ғам мефурўшам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё