Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Саропои Гулбой ларзид. Чӣ сухани ғайричашмдоште! Оё ин ҳама, ки рў ба рў мебинаду мешунавад, воқеист? Қиссаи зебои нигоштаи адиберо намехонад?
Мард афзуд:
– Медонам, ки касе ғамро намехарад. Ғами худашон басу барзиёд. Аммо чӣ илоҷ?
Мард рафт. Гулбой аз дунболаш бо дили кашол нигоҳ кард, нигоҳ кард ва афсўс хўрд, ки чаро ўро аз найнавозӣ боздошт. Шояд ғамхаре пайдо мешуд? Оё худи ў харидори ғам нест?

САРҲАД

Хоҷам рўи хоки намноки найзор дароз кашида ба худ меандешид, ки агар дар қисмат бошаду аз симхор сиҳату саломат гузарад, то деҳаашон тақрибан ду километр роҳ мемонад.
Шаб торик буд ва бўи борон меомад. Шамоли сарди дарё найу буттаҳои чалғўзаро беист такон медод, наъраи об ваҳмангез ба гўш мерасид. Вай борҳо дар ин гирду атроф най буридааст, барои гову гўсолаҳояшон алаф даравидааст, аз баландии канал ба он тараф, ба хоки давлати ҳамҷавор, назар афкандааст, ба кору бори деҳқонони ҳамсоя зеҳн мондааст. Ба сараш ҳаргиз наомадааст, ки замоне ана ҳамин хел дуздона, тарсидаву ларзида, ҳаёташро зери хавфу хатар гузошта дар найзор мехобад, пайт мекобад, ки ба хати сарҳад ноаён рахна занад.
Тақдир чизи аҷиб аст. Аз чанголи шахшўлаш ҷои халосӣ нест. Аввал овоза паҳн шуд, ки дар маркази вилоят мардум ду гурўҳ ҷудо шуда ҳамдигарро бо тиру туфанг мезананд.
Оҳиста–оҳиста садои дури тир наздик омад ва он рўзи кулфатбор ҷавонмардонро ҷамъ карданду ба ноҳияи ҳамсоя фиристоданд. Хоҷам ҳам рафт, бо зану фарзандонаш дурусттар худоҳофизӣ накард, саросема буд ва бовар дошт, ки бегоҳӣ бармегардад. Аммо фалак хаёли дигар дошт. Зану кўдакони гурезаро ба хоки ҳамсоя гузаронду он ҷо монд.
Акнун ду километр дур аз деҳаашон, миёни найзори намнок, базўр нафас мегирад, хабар надорад, ки занаш куҷост ва бачаҳояш дар чӣ ҳоланд.
Эҳ, худо мададгор шаваду аз сарҳад сиҳату саломат гузарад...

пешина
аз 276
навбатӣ