Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа

БЕКИ ХУКБОН
Ҳикоя
Бўи ин гап ду ҳафта пеш хеста буд. Яке бовар мекард, дигаре не. Ҳиссаи зиёди мардумро аз ин гап пашор мебурд; «Нахо хук биёранд? Ҳ–еъ моне, заб гапе ёфтӣ…» Хулоса, ин шабу рўз дар забони хурду калони деҳа танҳо ҳамин як гап давр мегашт. Гапе, ки аз даҳон ба даҳон мегузараду пареш мехўрад, ғундоштанаш амрест муҳол. Чӣ хел пареш намехўрд, вақте ки аз забони дида ва шунидаҳо далелу бурҳон меоваранд. Аз марказ омадани «уфе»–ро, намояндаеро бо чашмонашон дидаанд. Ба қавле, он «уф» гуфта бошад, ки ин колхоз дар қатори гову гўспанд, минбаъд хук парвариш мекунад. Барои хук ба зудӣ ҳам ҷой меёбаду ҳам хукбон. Мардуми зираку кунҷкови деҳ бошанд, ростин ё дурўғин будани ин овозаро пеш аз ҳама аз авзои ноҷўри раис маънидод кардан мехостанд.
Раиси колхоз, марди хушқаду хушсурати зардина, ки дар ҳазлу зарофатгўӣ ҳамто надошт, ҳашт рўз боз андешаманду бедимоғ мегашт. Чӣ дар идора ва чӣ дар маҳаллаю гузарҳои деҳ ба мардуми обрўманду гапрас аз дур ва бо эҳтиёт аз ин бобат изҳори ақида мекард, барои ҳалли ин мушкилот чораю тадбир меҷуст. Аммо касе илоҷи аз ин ғаму ташвиш раҳиданро намеёфт. «Деҳа бадном мешавад. Ба ҳафт пуштамон иснод меорем» мегуфтанд онҳо, аммо раис илоҷи дигаре надошт, амри маснадшинон иҷро гардад, сари сабзи ў дар амон мемонд. Фармоиш аз марказ қатьӣ буд ва салоҳи кор бисёр мушкил.
Рўзи дигар дар чор аробаи атрофҳо ходабанд, понздаҳ хуку хукбачаро миёни шиғбасти сангоби деҳа оварда фароварданд. Ҳамроҳи корвон ҳамон намоянда, як милиса ва як зани солхўрдаи дар тан либоси аврупоипўшидае низ омада буд. Зан, аз афти кор, тоторро мемонд, ки канда–канда бо лаҳни омехтаи тоҷикию туркӣ ҳарф мезад. Ў бо ёрии милиса бачаҳои шўху бесари деҳро, ки ин дам даста–даста ба тамошо меомаданд, бо ҷангу арбада аз назди шиғбаст дур меронд, то ба хукҳо санг напаронанд.

аз 276
навбатӣ