Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Акнун марду зан, пиру ҷавон даври сангоб омада аз дур ба сўи шиғбаст менигаристанд. Аз ҳама дертар раис ҳозир шуд. Намоянда ҷигот андохта нофор дасти салом дароз кард.
– Ҳай–ҳай боракало! Ин муносибати раиса чӣ хел фаҳмем?
– Хаёл доштам намеоре. «Ҳа» ё «Не»–и ҷавобаша рафта нагуфта будам ку? – Хавотиравзо ба атрофиён чашм давонда гуфт раис.
– Ҷавоби ману туро кӣ мепурсад, чӣ инҳо маймунанду мо маймунбоз? Ин қадар тамошобина ғун овардӣ?! – Болои тахтасанге ғазаболуд пои росташро гузошта, омирона ба атроф нигарист намоянда.
– Ай маймун дида барои ин мардум хуг аҷоибтар метоба.
Надида бошан чӣ кор кунан?! – гуфт пиразане, ки канортар аз занҳо меистод.
– Надида бошанд, акнун мебинанд! – овоз баланд кард намоянда.
– Танги тирамоҳ омад, рафиқ Бадалуф. На ҷой дорему на хугбон. Мардум аз мо рўй мегардонанд.
– И–ӣ, ту чӣ хел раис, ки гапата ба мардум худат гузаронда наметавонӣ Пеш даро! Ту агар фаҳмонда натавонӣ, ана ман мефаҳмонам. Амру хоҳиши Ҳукумати Советӣ барои ҳамаи мо фарз аст, раис! Агар ту зўрӣ, аз ин амр гардан печидан метавониста бошӣ, ихтиёр дорӣ…
Намоянда аввал теғ кашида ба атрофиён нигарист ва рамуз гирифт, сипас бо дили пур калон–калон қадам партофта ҷониби мўйсафедон рафт. Омадани намояндаро дида, мўйсафедон намоишкорона ба ҳар тараф парешон шуданд. Вай аввал дасту по хўрд, аз ин рафтори барояш ғайричашмдошт сахт ранҷида норозиёна сар ҷунбонд. Худро ба даст гирифтан хост ва боз чанд қадам ба ҳамон ҷониб ниҳод.
– Бобои Халифа, бобои… номи хў–ў ҷомаалаҷа чӣ буд? – забон хоида ба туршрўӣ ба раис рўй оварда гуфт намоянда, – ҳамаи ин саркашию ногапгириҳо хилофи қонун, хилофи ҳокимияти коргару деҳқон аст, раис! Ё ин мардум «тройка»– ро аз ёд баровардаанд. Не–е, таноба таранг нигоҳ доштан даркор будааст.
– Рафиқ Бадалуф, инҷа танобу «тройка» чӣ муносибат дора? Охир мардум мардуми мусул… – гулў афшонда гапашро медуздад раис, – Ҳеҷ кас гўшти хуга нахура.

пешина
аз 276
навбатӣ