Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз куҷое хонда буд, ки навои най дар назари шунаванда кўҳсорони баланду чашмасорони хурўшон ва рамаҳои гўсфандонро ҷилва медиҳад. Аммо барои Гулбой най ва ҳиҷрон тавъамонанд. Ҳамин ки садояш ба гўш расад, дилаш фишурда мешавад ва меангорад, ки марди маҳҷуре аз дуриву ҷудоӣ гирён аст. Шоирони сўфимашраб беҳуда дар шеърҳои худ ҳарфи найро истифода накардаанд. Солҳои донишҷў буданаш муаллими адабиёт гуфта буд, ки сўфиён ҷудоиро аз ҳақ пайваста менолиданд ва худро ба най ташбеҳ медоданд.
Сўфие гуфта будаст, ки «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад в–аз ҷудоиҳо шикоят мекунад, к–аз наистон то маро бубридаанд, аз нафирам марду зан нолидаанд».
Ин нею он не, худи одамизод махлуқи пурэъҷоз аст. Барои ифодаи шодиву хурсандӣ ва ғаму ғуссааш асбобҳои мувофиқ офаридааст. Магар садои дойраву нақора ба маҳзунӣ талқин мекунад? Ҳаргиз.
Гулбой наздик рафт. Марди тақрибан шастсолаи якчашма ба ниҳоли хазонрасидаи чинор такя зада, най менавохт ва ў ҳам ба раҳгузарон эътибор намедод. Гулбой дурудароз ба чеҳраи доғи нағзакдори мард назар кард ва дид, ки чи хел баробари дигар шудани оҳанг асабҳои рўю гарданаш кашиш мехўранд. Ростӣ, Гулбой аз зумраи ҳасудон нест, ҳар чӣ худо дода, ба он қаноат мекунад, мувофиқи кўрпача по дароз мекунад. Вақте ки ҳамкоронаш ин ё он касро бо даҳони ғайбат мехояд, аз комёбиву пешрафти дигаре бо ҳасад сухан меронанд, ҳайрон мешавад, ки чаро одамизод чунин хулқ дошта бошад. Охир ҳама наметавонанд, ки чун Каспаров шоҳмотбози ҷаҳонгир бошанд ва ё чун Марадонна шўҳрати футболро ба арши аъло расонанд. Аммо ҳамин лаҳза дар дилаш оташи ногувори ҳасад забона зад. Ҳасад бурд, ки чаро мисли ин марди якчашма най навохта наметавонад. Аслан ин ҷо эъҷозе нест. Чўби хушки сўрохдореро ба даст мегиреду ба лаб мебаред ва пуф мекунед ва... Ҷони гап ҳам дар он аст, ки ҳама пуф карда метавонанд, аммо чунин оҳанги ҳузнангез оламро фаро намегирад. Лаҳзаҳое буданд, ки вай қиссаи дилошўберо хонда орзу кардааст, ки нависанда бошад, тоблуи зебоеро тамошо карда аз рассом набуданаш афсўс хўрдааст.
Оре, буданд лаҳзаҳое...
Не, ҳисси ҳасаде, ки дар ин саҳари хазонрези серун дар дилаш пайдо шуд, ба он орзуҳои зудгузар монанд нест.

пешина
аз 276
навбатӣ