Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ёфт мешуд, савор шуда мегашт. Вақте ки ман дар бораи мустанги гули бодом ба пирамард нақл мекардам, ӯ гапзании маро шунид ва то падараш ба вай ваъда накард, ки барои харидани он асп пулро дареғ намедорад, ӯро ба ҳолаш нагузошт. Ӯ гуфт, ки дусад доллар медиҳад. Албатта, ҳамаи мустангерхон ин ҷо баробари фаҳмидан дарҳол аз паси дастгир кардани асп мешаванд ва ман ба ягон кас як даҳан гап назада, ба модиёни пирам савор шуда ба ин тараф шитофтам. Мустанги гули бодомро дастгир кунед, дусад долларӣ нақд ба қисаатон медарояд! Зеб Стумп ба ин зомин мешавад.
— Ҳамроҳи ман камтар гардиш намекунед, мистер Стумп?— гуфт ирландии ҷавон ва аз чорпоя хеста ба сӯи дар равон шуд.
Шикорчӣ аз ин таклифи ногаҳонӣ каме дар тааҷҷуб монда, аз паси вай рафт.
Морис меҳмонишро ба назди шипанг бурда пурсид:
— Ин асп ба ҳамон мустанги шумо гуфтагӣ монанд аст, мистер Стумп?
— Агар ҳамон набошад, ҷо ба ҷо мурам! Аллакай ба даст афтидааст? Толеат тофт, йигит, — дусад доллар аз осмон ғалгидагӣ барин. Арвоҳ занад, охир вай ба ҳар як центи ин пул меарзад! Аҷаб ҷонвари зебо! Мисс Пойдекстер хуб хурсанд мешавад!
БОБИ VII
ШАБИ ПУРТАШВИШ
Чун шикорчии куҳансол фаҳмид, ки мустанги гули бодом аллакай ба даст афтидааст, бағоят хушҳол гардид.
Ба туфайли мои даруни шиша димоғаш боз ҳам чоктар гардид, ки дар он бар хилофи тарсу бими Фелим пеш аз мурғи марҷон барои овардани иштиҳо ба ҳар кас «як култӣ» ёфт шуд, ҳам барои аз болояш нӯшида паст фуровардани он, ҳам чанд култии дигар дар аснои кашидани чубук.
Мувофиқи расму русуми сокинони дашт — сӯҳбати хушҳолона дар сари дастурхон асосан ба ҳиндуҳо ва воқеоти шикор дахл дошт.
Азбаски Зеб Стумп як навъ баҳролулум (луғати зиндаи шикор) буд, табиист, ки аз ҳама бештар гап мезад ва чунин воқеаҳоеро нақл мекард, ки Фелим аз тааҷҷуб даҳан кушода мемонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё