Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нахӯред: ман ӯро сахт баста мондам. Сонитар ӯро ба чаро сар медиҳам.

— Ягон чиз мехӯред? Фелим таом пухта истодааст. Афсӯс, ки ба ғайр аз гӯшти гавазн дигар бо ягон чиз шуморо меҳмондорӣ карда наметавонам.

— Аз гӯшти нағзи гавазн беҳтар чиз нест! Магар гӯшти хирс... Фақат ҳамин ки онро дар оташ нағзакак сурх кардан лозим. Биёед ман ёрдам кунам... Мистер Фелим, ба назди модиёни ман рафта мурғи марҷонро гирифта биёред — ба қоши зин бастагӣ; дар роҳ парондам.

— Бисёр нағз! — хитоб намуд мустангер.— Заҳиран мо тамомом шудагӣ. Се рӯзи охир ман як мустанги камёбро шикор мекардам ва ҳамроҳам милтиқ нагирифта будам. Фелиму ман, Тара ҳам дар ин се рӯз хуб гуруснагӣ кашидем.

— Чӣ хел мустанг? — ба суханони охирин ягон қадар аҳамият надода пурсид шикорчии куҳансол.

— Модиёни ҷигарранг — холҳои сафед дорад. Бисёр аспи нағз!

— Анаю халос! Охир ин ҳамон чизе ки маро ба ин ҷо овардааст!

— Рост?

— Ман он мустангро дидагӣ. Модиён, мегӯед? Инашро намедонистам, чунки вай ягон маротиба маро ба масофаи ним мил ба худ наздик нагузошта буд. Ман ӯро якчанд маротиба дар дашт дида будам ва қарор додам, ки ӯро дастгир кардани шумо аз нафъ холӣ нест. Ана барои чӣ! Пас аз охирин маротиба вохӯрдани ману шумо ба Леона рафта будам. Ба он ҷо як кас кӯчида омадааст, ки ӯро ҳанӯз вақти дар Миссисипи буданам мешинохтам. Ин як плантатори давлатноманд; ҳарҷу хароҷоташ ҳисоб надошт. Он қадар гавазн ва мурғи марҷон сайд карда ба ӯ фурӯхтаам, ки ҳисоб надорад. Номаш Пойиндекстер.

— Пойиндекстер?

— Ҳа. Дар соҳилҳои Миссисипи аз Орлеан то Сент-Луис ҳама ин номро медонанд. Ҳамон вақт ӯ давлатноманд буд; дида мешавад, ки ҳозир ҳам камбағал нест, зеро ҳамроҳи худ расо сад зангӣ овардааст. Ғайр аз ин, ҳамроҳи ӯ хоҳарзодааш омадааст, ки номаш Колҳаун мебошад ва пули бисёр дорад, ӯ ба ғайр аз тагояш қарз додан дигар ҷои онро сарф мекардагӣ надорад; ва, рости гап, бе тамаъ намедиҳад; ҷавони ба кори худ ҳушёр. Акнун сабаби ба ин ҷо омаданамро мегӯям. Ҳамон плантатор духтаре дорад, ки бисёр ишқбози асп мебошад. Дар Луизиана ӯ аспони аз ҳама бадҷаҳлро, ки мислашон кам

пешина
аз 509
навбатӣ