Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
давом медод, аммо акнун дар ҷангалзорҳои Техаси ҷануби ғарбӣ.
Тара ҷасту хез мекард ва ба ҳар тарз сагонаи шикорчии куҳансолро ҳайра макдам мегуфт; дарҳол дида мешуд, ки Зеб Стумп ва соҳиби вай ҷӯра мебошанд.
— Салом! — ба ҷуссаи азими худ даромадҳои кулбаро банд карда кӯтоҳакак гуфт Зеб.
— Ваалайкум салом, мистер Стумп! — ба пешвози меҳмон хеста ҷавоб дод мустангер. — Боло гузашта шинед.
Шикорчӣ бо хоҳишу илтимосҳои зиёд вонадошта, аз остона қадам гузошт ва бесулақаёна баргашта, ба чорпояи лиқонаке, ки пештар Фелим нишаста буд, нишаст. Чорпоя чунон паст буд, ки зонуҳои Стумп қариб ба манаҳаш расиданд, мили дарози милтиқ бошад, ҳамчунин найза якчанд фут бар болои сараш қад афрошта буд.
— Бало занад ин чорпояҳо, — ғур-ғур кард ӯ, ки аз ин хел тарзи нишастан ошкоро норозӣ буд, — умуман ҳама навъи курсиҳоро! Ҳеҷ чиз аз кунда беҳтар не: ба ҳар ҳол хотират ҷамъ ки шикаста намеравад.
— Ба ин ҷо шинед, — ба ҷомадоне, ки дар кунҷак меистод, нишон дода гуфт соҳибхона. — Он дилпуртар.
Зеби куҳансол неву нестон накарда, аз ҷой хест ва қоматашро рост карда ба рӯи ҷомадон нишаст.
— Ҳар вақта барин пиёда мебошед, мистер Стумп?
— Не, ёбуямро ҳам овардагӣ: ӯро ба дарахт бастам. Ман шикор намекардам.
— Ба гумонам, ҳеҷ гоҳ савора шикор намекунед, ҳамту не?
— Чӣ, маро аблаҳ гумон кардед? Онҳое, ки савора шикор мекунанд, рафта истодагӣ аҳмақ мебошанд.
— Вале охир дар Техас ҳама ҳамин тавр мекунанд.
— Ҳама ҳамин тавр мекунанд ё ҳама ҳамин тавр намекунанд, вале ин расму таомули аблаҳона, расму таомули аҳмақони танбал мебошад. Сайде, ки дар як рӯз пиёда мезанам, савора дар як ҳафта зада наметавонам. Албатта, барои шумо асп зарур, чунки ҷонвари шикор мекардагин шумо дигар: аммо агар хирс, гавазн ё мурғи марҷони даштиро аз паяш афтёд, аспакӣ ҳамаашро тарсонида мегурезонед. Ман модйёни пирамро фақат барои ҳамин гирифта мегардам, ки шикорамро бор карда барам.
— Аспатон дар ҳамин ҷо мегӯед? Фелим ӯро ба шипанг медарорад. Охир шаб меистед?
— Ростӣ гап, бо ҳамин ният омада будам. Ғами аспи маро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё