Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
тир ёфта буд, ба соқҳои васеи мӯза андохта шуда буданд. Ба тани лучаш куртаи пӯсти гавазн ва аз болои он нимтанаи сабзи рангпарида пӯшида буд, ки аз рӯйчои байка дӯхта шуда, паташ рехта буд. Кулоҳи намадини тамоман дарида зард шудааш ин сару либоси камбағалонаи ӯро пурра мекард.
Сару либоси Зеб Стумп барои шикорчиёни бешагарди Америкаи шимолӣ сару либоси муқаррарӣ буд. Тирдон ва шоҳи качи досшакли борутгирӣ аз тарафи рост ба тасмача овехта, тасмача ба китфаш ҳамоил карда шуда буд; аз болои нимтана тасмаи васеи чармӣ баста буд; ба тасма ғилофи чармӣ овехта шуда, аз он дастаи дагали корди калони шикорчигӣ, ки аз шоли гавазн сохта шуда буд, баромада меистод.
Бар акси бисёр шикорчиёни Техас ӯ ҳеҷ гоҳ на мокасин¹, на соқбанд, на куртаи дарози пӯсти гавазни лабакиҳояш шилшила пӯшида мегашт. Дар сару либоси камбағалонаи оддии вай на нақшу гулдӯзӣ буд, на дар таҷҳизоташ — ороиш. Гӯё Зеб ҳама гуна олуфтагиро мазаммат карда бошад, тамоми ҷизаш оддӣ буд.
Ҳатто милтиқ — силоҳи бовафои ӯ, олоти асосии касбаш, мисли оҳани дароз ба чӯбдастаи суфта карда нашудаи ҷигарранг устувор карда шуда буд. Вақте ки вай милтикро ба замин мегузошт, мили он то китфаш мерасид.
Шикорчие, ки мо навакак сару либосашро тасвир намудем, тахмин панҷоҳсола буд. Пӯсти рӯяш гандумгун буд, тархи рӯяш дар назари аввал ҷиддӣ менамуд.
Лекин пас аз дурустакак зеҳн мондан, шумо оҳиста-оҳиста пай мебурдед, ки ин одам дар ҳазлу шӯхӣ устухон надорад. Шӯълаи хилагаронае, ки дар чашмони¹ хурди хокистаррангаш медурахшид, аз он шаҳодат медод, ки шикорчии куҳансол ба қадри шӯхию базлаи нағз мерасад ва худаш ҳам аз шӯхӣ рӯ намегардонад.
Фелим аллакай номашро зикр карда буд: ин Зебулон Стумп ё худ, чи тавре ки ӯро дар доираи танги шиносҳояш меномиданд, «Зеб Стумпи куҳансол» буд. Вақте аз ӯ мепурсиданд, ки зодгоҳаш куҷост, ҳамеша ҷавоб медод: «Зодгоҳам Кентукки аст ва тарбияро ҳам дар он ҷо гирифтаам».
Зеб Стумп дар штати Кентукки таваллуд ёфта, дар ҳамон ҷо ба воя расида буд ва айёми ҷавонпиашро дар бешазорҳои пойнарасидаи Миссисипии поён гузаронида, тамоман ба шикорчигӣ машғул буд. Ҳоло дар сари пирӣ, ӯ ҳамин машғулиятро
¹ Мокасин — чорук.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё