Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мастер Морис, ба шумо чӣ шуд? Аз барои худо ба ман гӯед!
— Ҳеҷ гап не, Фелим, ҳеҷ гап не. Чаро инро аз ман мепурсӣ?
— Чӣ тавр напурсам? Аз ҳамон рӯзе, ки маротибаи охир аз посёлка гашта омадед, як дақиқа миҷҷа таҳ накардаед. Ким-чӣ дар он ҷо хоби шуморо рабуд. Наход, шумо дар ҳаққи яке аз духтарони мексикой, чӣ тавре ки онҳоро дар ин ҷо «мучаче» меноманд, хаёлу орзу мекунед? Не, ман ба ин бовар намекунам. Ба насли хонаводаи қадимаи Чералдҳо ин шоиста нест.
— Гапи беҳуда, дӯстам! Ҳама вақт ягон чиз ба назарат менамояд. Нағзаш ягон хӯрдани биёр. Фаромӯш накун, ки пагоҳӣ боз ягон чиз ба даҳон нагирифтаам. Дар анборат чӣ ҳаст?
— Росташро гӯям, захираамон он қадар бисёр не. Охир дар бадали се рӯзе, ки шумо ин мустангро шикор мекардед, захираи мо ягон қадар зиёд нашудааст. Камтар гӯшти яхнини гавазн ва нони ҷуворимакка ҳаст. Агар хоҳед, гӯштро дар хурма гарм кунам.
— Ҳайр, сабр мекунам.
— Агар аввал гулӯятонро бо ҳамин дору камтар тар кунед, сабр карданатон осонтар намешавад?
— Ҳайр, не намегӯям.
— Тоза менӯшед ё обкатӣ?
— Стаканро пур кун. Лекин оби хунукро аз ҷӯӣ биёр.
Фелим ҷоми нуқраро гирифта ақиб рафтанӣ буд, ки нохост Тара бо овози баланд аккосзанон ба сӯйи дар тохт. Фелим саҳл ҳаросон аз паси ӯ равон шуд.
Садои аккоси саг ба вангоси хурсандона табдил ёфт, гӯё вай дӯсти деринаашро табрик мекард.
— Ин Зеб Стумпи пиракӣ, — ба берун нигоҳ карда гуфт Фелим ва оромона аз дар баромад. Ӯ ду мақсад дошт: аввало меҳмонро ҳайрамас мақдам гӯяд, дуюм, супориши хоҷаашро ба ҷо биёрад.
Чӣ тавре ки сокинони кулба ҳеҷ ба якдигар монанд набуданд, шахси дар таки дар пайдошуда низ ба онҳо ҳеҷ шабоҳат надошт.
Қадаш аз шаш фут камтар набуд. Ӯ дар пой аз пӯсти ошдодашудаи тимсоҳи америкой мӯза дошт; почаҳои шими аз матои пашмини дастибофтааш, ки як вақт дар шираи дарахти зӯголахта ранг карда шуда, аммо ҳозир аз чирк рангаш тағ-

1 Фут — ченаки дарозӣ, баробар ба 30,479 см.

пешина
аз 509
навбатӣ