Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

агар худатро ба назар нагирем, дар дунё аз ҳама зиёдтар дӯст медорӣ, гуфтугӯ мекунем.
— Шуморо ҳам, мастер Морис! — хандакунон илова намуд Фелим.
Мустангер табассум карда, часта аз асп фуромад.

Модиёни гули бодомро дар таги шипанг қантар карда, Кастроро ба дарахт бастанд. Фелим аз рӯи тамоми қонуну қоидаҳо, ки дар дашт расм шудаанд, ба тоза кардани вай шурӯъ намуд.

Мустангер, ки аз хастагӣ мадори ба по истодан надошт, худро ба рӯи бистари пӯсти асп партофт. Он қадаре ки аз паси ин модиёни гули бодом тохт, аз паси ягон мустанг тохтутоз накарда буд. Дар ҷаҳон ба ҷуз худи вай — на Фелим, на аспи бовафои ӯ Кастро сабаби ин саботкориро намедонистанд.

Сарфи назар аз он ки ӯ якчанд рӯз аз асп нафуромада, аз се се рӯзи охир якзайл модиёни гули бодомро дунболгирӣ карда буд, сарфи назар аз хастагии шиддатнок, хоби мустангер набурд.

Мисли ин ки аз ким-чӣ сахт дар изтироб бошад, дам ба дам аз ҷой хеста рӯ-рӯи кулба пасу пеш қадам мезад.

Якчанд шаб инҷониб ӯ азоби бехобӣ кашида, аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт, бинобар ҳамин на фақат хизматгораш Фелим, балки ҳатто Тара аз ин кори соҳибаш тааҷҷуб мекард.

Агар хизматгор намедонист, ки беқарории пурҳаяҷони хоҷааш пештар аз огоҳии вуҷуд доштани мустанги гули бодом сар шудааст, мумкин буд фикр кунад, ки бетоқатии вай ҳар чи тезтар дастгир кардани модиён мебошад.

Фақат пас аз чанд рӯз аз қалъа баргаштани мустангер модиёни гули бодом бори аввал ба чашмаш афтид, бинобар ин боиси тағйирёбии аҳволи рӯҳияи ӯ гашта наметавонист.

Зоҳиран, ба ҷои он ки шикори барорнок боиси таскини ӯ мегардид, таъсири акс расонд. Ба ҳар ҳол Фелим ҳамин тавр фикр мекард. Оқибат ӯ аз ҳаққу ҳуқуқи бародари ширхора буданаш истифода намуда, аз мустангер пурсид, ки бо ӯ чӣ воқеа рӯй додааст.

Вақте ки Морис аз нав паҳлӯ гаштан гирифт, овози хизматгор шунида шуд:

пешина
аз 509
навбатӣ