Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳатто як аспшиноси номӣ не, балки дигарон низ мафтуни зебоии ӯ мегардиданд.

— Ура-ура! — баробари дидани модиён фарёд зад Фелим ва кулоҳашро ба осмон партофт. — Шукри модархудои қуддуси ва Патрики валӣ1, ки мастер Морис оқибат мустанги гули бодомро дастгир кард. Арвоҳ занад, ин модиён-ку! Ана аспу мана асп!.. Бекора шумо аз паси вай овора шуда нагашта будаед. Ба худо! Дар бозори Баллинослон мо метавонистем, ки нархашро ба осмон бардорем ва не нагуфта, лаҷоми ӯро аз дастамон кашида мегирифтанд. Ана аспу мана асп!.. Мо ӯро дар куҷо мебандем? Дар кура ҳамроҳи аспони дигар?

— Не, дар ин ҷо ӯро лагад мезананд. Нағзаш ба зери шипанг мебандем... Кастро, ҳамчун соҳибхонаи меҳмоннавоз, ҷояшро ба ӯ дода, шабро худаш дар зери осмони кушод мегузаронад. Фелим, ту ягон вақт чунин соҳибҷамолро... ман гуфтанӣ будам, ки ин хел аспи зеборо дида будӣ?

— Ҳеҷ гоҳ, мастер Морис, ҳеҷ гоҳ дар умрам надида будам! Ман дар Баллибалох аспони зотиро бисёр дидаам. Оҳ, чӣ қадар дилрабо, ҳамту гираму фурӯ диҳам мегӯй! Лекин намудаш чунон бадвоҳима, ки ана-мана ягон касро хӯрда мемонад. Шумо ҳанӯз ӯро ба саворӣ омӯхта накардаед?

— Не, Фелим, камқортар шавам, машғул мешавам. Дурусттар машғул шудан лозим. Охир ин гуна чизи расоро вайрон кардан гуноҳ аст. Вақте ки ба посёлка бурдам, омӯхта мекунам.

— Кай ба он ҷо рафтаниед?

— Фардо. Субҳ ба роҳ баромаданамон лозим, ки то бегоҳ рафта ба қалъа расем.

— Ана ин коратон нағз! Барои худам не, балки барои шумо, мастер Морис, хурсандам. Медонед, ки вискии мо қариб тамом шудан аст? Дар такаш камтар мондагӣ. Ин қаллобона қалъа будагӣ боб карда фиреб медиҳанд: ҳам об қатӣ мекунанд, ҳам кам мерезанд. Як галлон вискии англисиро назар ба ин «мурдор»-и америкагӣ, чӣ тавре ки худи янкиҳо меноманд, мо се маротиба зиёдтар менӯшидем.

— Ғами вискиро нахӯр, Фелим. Вискии мондагӣ барои имрӯз ҳам мерасад ва барои фардо обдонҳоро пур карда ба сафар баромадан ҳам. Парво накун, Баллибалохи пир! Биё аввал рафта мустанги гули бодомро ҷо кунем, баъд ҳар қадар ки хоҳӣ доир ба захираи нави нӯшокии шифобахш, ки медонам,

1 Патрики валӣ ҳимоятгари Ирландия ба ҳисоб мерафт.

пешина
аз 509
навбатӣ