Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо шаб нисф нашудан пеш сӯҳбат қатъ гардид. Шояд, шишаи холигашта ҳамсӯҳбатонро маҷбур сохт, ки ғами истироҳатро хӯранд; вале инчунин сабаби дигари ба ҳақиқат басе наздике буд. Пагоҳӣ мустангер тараддуди Леона рафтан дошт ва бояд ҳамаашон барвақт мехестанд, ки тайёрии сафар бинанд. Аспони ёбоӣ ҳанӯз ром карда нашуда буданд ва мебоист онҳоро бо ҳам мебастанд, ки дар роҳ нагурезанд; ва то сафар боз як гала ташвишу тараддуд дар пеш буд.

Шикорчӣ модӯҳни худро ба аргамчини дарозе тевала кард, ки чарида гардад ва кӯрпаи кӯҳнаи рангаш зардшудаеро, ки одатан бароиш хизмати бистарро ба ҷо меовард, бардошта ба кулба баргашт.

— Ба кати ман хоб кунед, — бо илтифот ба ӯ таклиф кард соҳибхона, — ман барои худ ҳам дар рӯи замин ҷо меандозам.

— Не, — ҷавоб дод меҳмон, — ягон рафи шумо барои ҷойхоби Зеб Стумп кор намеояд. Барои ман аз замин беҳтар ҷой нест — хоби кас ҳам нағз мебарад, ҳам намеафтед.

— Агар ба шумо замин маъқул бошад, ба замин хобед: ана ин ҷо бисёр нағз, ман ба шумо пӯстак медиҳам.

— Ҷавони нағз, бекора ташвиш накашед. Ман одати дар рӯи замини қоқ хоб кардан надорам. Бистари ман — алафи сабзи дашт мебошад.

— Дар зери осмони кушод хоб кардагӣ-ку нестед?! — чун дид, ки меҳмон кампалро ба кифт партофта, ба сӯи дар равон шуд, бо тааҷҷуб хитоб намуд мустангер.

— Бале, дар зери осмони кушод хоб карданам.

— Вале гӯш кунед, охир шаб бисёр хунук мешавад ва шумо ях мекунед.

— Ҳеҷ бок не. Назар ба ҳавои дими даруни хона ях кунам беҳтар.

— Шумо шӯхӣ мекунед, мистер Стумп?

— Ҷавони нағз! — ботантана гуфт шикорчӣ. — Зеб Стумп шаш соли охир ягон бор шабро дар хона рӯз накардааст. Як вақтҳо ман ба хона монанд ҷое доштам — он ковокии дарахти анҷир буд. Ин вақти зинда будани кампирам дар Миссисипи буд; ман он ҷойро барои хотири вай соз карда будам; вақте ки ӯ мурд, аввал ба Луизиана, баъд ба ин ҷо омадам. Аз ҳамон боз шабу рӯз ягона сарпаноҳи ман осмони кабуди Техас мебошад.

— Агар дар ҳавои кушод хобиданро афзал медониста бошед...

— Ҳа, афзал медонам, — ҷавоби кӯтоҳ дод пирамард ва аз

пешина
аз 509
навбатӣ