Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Лутфи шумо зиёд, сэр, — гуфт Пойиндекстер. — Умедворам, ки ба маслаҳати шумо амал карда, роҳро гум намекунем. Офтоб ба мо ёрӣ медиҳад.

— Метарсам, ки мабодо ҳаво тағйир наёбад. Дар шимол абрҳо ҷамъ шуда истодаанд. Пас аз як соат рӯи офтобро пӯшониданашон мумкин... ба ҳар ҳол, ин то ба ҷои сарв намоён будагӣ рафта расидани шумо рӯй медиҳад... Ман шуморо бо ин аҳвол монда рафта наметавонам... Воқеан, — пас аз дақиқае фикр кардан гуфт ӯ, — ёфтам: ба ин лассои ман омадан гиред!

Ҷавони ношинос камандро, ки ба қоши зин печонида шуда буд, кушод ва як нӯки онро ба ҳалқаи зин баста, нӯки дигарашро ба замин партофт. Баъд, бо як ҳаракати зариф кулоҳашро аз сар гирифта, — қариб ба тарафи карета — боздабона таъзим кард ва аспоро маҳмез зада, аз нав ба дашт тозонд.

Лассо, тахминан дувоздаҳ ярд аз паси асп дароз шуда, дар сатҳи дашти сӯхта хате гузошт, ки ба изи мор монанд буд.

— Аҷаб ҷавони ғалатӣ! — аз паси савор, ки дар байни абри гарду чанг ғоиб гардида буд, нигоҳ карда гуфт плантатор. — Номашро пурсиданам лозим буд.

— Аҷаб ҷавони худписанд, мегуфтам ман, — ғур-ғур кард Колхаун, ки нигоҳи ба тарафи карета афкандаи ҷавони ношинос, инчунин нигоҳи ҷавобии духтари тағояш аз чашми ӯ пинҳон намонд. — Номашро бошад, ба фикрам, қирои пурсидан намекард. Яқин ӯ бардурӯғ ягон номи дигарро мегуфт. Техас аз ин хел олуфтаҳо пур, ба ин ҷо ки омаданд ба худ ягон номи нави хушоҳанг мегиранд, ё худ бо ягон сабаби дигар онро иваз мекунанд.

— Гӯш кун, Кассий, — эътироз намуд Пойиндекстери ҷавон, — ту дар ҳаққи вай беинсофона гап мезанӣ. Ӯ, ба фикри ман, одами бомаърифат, джентлмен мебошад ва ба гирифта гаштани номи аз ҳама наҷиб сазовор аст.

— «Сентлмен!» Чин занад, гумон аст! Ман ҳеҷ гоҳ сентлменро, ки бо лашу луши мексикой худро оро дода бошад, надидаам. Гарав мебандам, ки ин ягон сакалту мебошад.

Дар аснои ин гуфтугӯ креолдухтари соҳибҷамол аз карета сар бароварда, бо завқу завқи ошкоро аз паси савораи дуршуда истода нигоҳ кард.

Оё сабаби оҳанги нешдоронаи Колхаун ҳамин набуд?

— Чӣ гап шуд, Лу? — ба карета наздик рафта, қариб пичирросзанон пурсид ӯ. — Ту зоҳиран, бисёр шитоб дорӣ? Шояд, он беҳаёро даръёб кардани бошӣ? Ҳанӯз ки дер нашудааст, ман аспамро ба ту медиҳам.

пешина
аз 509
навбатӣ