Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтар худро ақиб кашид, зоҳиран, вай на фақат аз суханон, балки аз оҳанги гапзании аммабачааш норозӣ буд. Аммо ӯ хашму ғазабашро зоҳир нанамуд ва муноқиша карда нашишт — ӯ норозигии худро ба тариқи аз ин ҳам хеле таҳқиромезтар изҳор намуд. Хандаи ҷарангосӣ ягона ҷавобе буд, ки ӯ аммабачаи худро ба он лоиқ дид.

— Ҳоло ҳамту... Ба ту нигоҳ карда аз дил гузаронидам, ки ягон бало ҳаст. Қиёфаат ҳамин хел буд, ки гӯё ту мафтуни ҳамон хаткашони олуфта шудаӣ. Зоҳиран, вай бо сару либоси боқарруфараш туро шайдои худ кард? Вале дониста бош: ӯ фақат зогест, ки пару думи товусро ба худ часпонидааст ва ман, яқин, боз он пару болро аз бадани ӯ канда мепартоям ва, шояд, бо пӯсти худаш канда партоям.

— Шарм дор, Кассий! Фикр кун чӣ гуфта истодаӣ!

— Ман не, ту бояд ба кору рафтори худат андеша кунӣ, Лу. Кадом як сақалту, масхарабози никобпӯшро сазовори илтифоти худ гардонидан, куҷо ҳадди худаш! Ман боварӣ дорам, ки ӯ як хаткашони оддие мебошад, ки афсарони қалъа киро кардаанд.

— Ба фикри ту, хаткашон? Оҳ, чӣ қадар ман мехостам, ки аз дасти ҳамин гуна хаткашон мактубҳои ошиқона бигирам!

— Набошад шитоб кун, рафта ҳаминро ба ӯ гӯӣ. Аспи ман ба хизмати ту тайёр.

— Ҳа-ҳа-ҳа! Чӣ хел бефаросат ҳастӣ! Ҳатто агар барои шӯҳӣ ман ин хаткашони саҳрогардро дарёб кардани мешудам ҳам, гумон аст, ки бо тотуяки ту ин ба ман муяссар мегардид! Ӯ бо аспи туруқаш чунон тез меравад, ки то ту зини аспатро мегириву барои ман зини дигар мезанӣ, ки ҳардуяшон ҳам аз чашм ғоиб мегарданд. Оҳ не! Ҳар қадар зӯр занам ҳам, ӯро дарёб карда наметавонам.

— Эҳтиёт бош, ки падарат ин суханони туро нашунавад!

— Эҳтиёт бош, ки суханони туро нашунавад, — акнун бо оҳанги ҷиддӣ ҷавоб дод духтар. — Агарчи ту аммабачаи ман ҳастӣ ва падарат туро ба ҳадди камол расидагӣ ҳисоб кунад ҳам, ман ин тавр ҳисоб намекунам, ҳаргиз! Ман ҳеҷ гоҳ инро аз ту пинҳон намедоштам — ҳамту не?

Қолҳаун дар ҷавоби ин эътирофи бароиш аламангез фақат қавоқ андохт.

— Ту ба ман фақат бачаи амма мешавӣ, — бо оҳанги ҷиддӣ давом намуд духтар. Ин оҳанги гапзании вай аз он лаҳни шӯҳсиомезе, ки ӯ сӯҳбатро сар карда буд, ба куллӣ фарқ мекард.— Фақат бачаи аммаву халос, капитан Кассий Қолҳаун! Ва, лутфан, ба ман носеҳӣ накун. Фақат бо як одам ман маслиҳат кардано

пешина
аз 509
навбатӣ