Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

вазифаи худ медонам ва фақат ба вай рухсат медиҳам, ки маро сарзаниш кунад. Бинобар ҳамин, мастер1 Каш, аз ту хоҳишмандам, ки аз чунин панду насиҳатҳо худдорӣ намо. То даме, ки одами муносиберо во нахӯрам, чуноне ки дар фикру андешаҳоям ба касе ҳисобот намедиҳам, инчунин дар кору рафторам низ ба касе ҳисобот нахоҳам дод. Вале дилхоҳи ман шуданро аз сарат берун кун!

Духтар маломату сарзаниши худро тамом карда, аз нав ба болишт такя намуд ва ба капитан бо қаҳру ғазаб ва нафрати тамоман назар афканд. Баъд пардаи коретаро кашида, бо ин кораш фаҳмондани шуд, ки дигар бо ӯ гап задан намехоҳад.

Садоҳои фарҳёди алобакашон капитанро аз ҳолати гарангӣ ба худ оварданд. Фургонҳо аз нав дар саҳрои тира, ки дар гумон тиратар аз фикру андешаҳои Кассий Колхаун буд, ба роҳ афтоданд.

Боби III

АЛОМАТИ РОҲНАМО

Акнун мусофирон дигар ғами роҳро намехӯрданд: изи лассо якзайл печутоб хӯрда пеш мерафт ва чунон равшан намудор буд, ки ҳатто кӯдак роҳро гум намекард.

Изи рост не, балки дар байни паттазорон печутоб мехӯрд. Баъзан, агар роҳ аз ҷои бедарахт мегузашт, из ба дигар тараф майл мекард. Ин кор тасодуфан карда намешуд: дар чунин ҷойҳо чариҳои чуқур ва дигар монеаҳо воқеъ гардида буданд,— из морпеч онҳоро давр зада, ба фургонҳо роҳ нишон медод.

— Ин аз тарафи ҷавон ниҳоят эҳтиёткорӣст! — гуфт Пойндекстер.— Рости гап, ман хеле таассуф мехӯрам, ки мо номи ӯро пурсида нагирифтем. Агар ӯ дар қалъа хизмат кунад, мо боз бо вай вомехӯрем.

— Бешубҳа! — хитоб намуд Генри.— Ва ман аз ин хеле хурсанд мешавам.

Луиза ба курсӣ такя карда менишаст,— ӯ гуфтугӯи падару

1 Мастер — муроҷиат ба писарбачае, ки аз оилаи давлатманд бо-шад; зангҳои ғулом «масса» мегуфтанд ва соҳибони худро ҳамин тавр меномиданд.

пешина
аз 509
навбатӣ