Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
додарашро мешунид, аммо чизе нагуфт, фақат дар нигоҳаш хондан мумкин буд, ки вай аз дилу ҷон шарики умеду орзуҳои додараш мебошад.
Димоғи плантатор ниҳоят чок буд; ӯ шод буд, ки ин сафари пурмашаққат ба зудӣ ба охир мерасад, инчунин то гуруби офтоб барои дидани мулкҳои наваш имконият муҳайё мегардад.
Ин асилзодаи пуркибру гурур нохост ҳамаи атрофиёнаро сазовори илтифоти мутакаббиронаи худ донист: бо назоратчӣ бетакаллуфона гап мезад, истода бо Сципион амак, ки аз бисёрии обилаи пойҳояш лангон-лангон роҳ мерафт, шӯхӣ мекард.
Хлоя холаро, ки савори фургон буда, дар даст кӯдаки навзод дошт, дилбардорӣ мекард.
— Бисёр нағз! — метавонад хитоб намояд мушоҳидакунандаи бегона, ки ин манзараи фавқулодда ӯро ба иштибоҳ моҳонда аст ва онро ёвагӯёне, ки худи иблис онҳоро бо ришва харида гирифтааст, ин қадар бо ҷидду ҷаҳд тасвир кардаанд. — Ниҳоят, урфу одати патриархалии ғуломдорон чи тавр нағз аст! Ва ин пас аз ҳамаи он чӣ ки гуфтем ва барои барҳам додани ғуломдорӣ кардем! Барои хароб кардани ин бинои қадима — асоси арзандаи миллати баҳодурӣ саъю кӯшиш ба кор бурдан — ин фақат хайру эҳсони худсарона, нармдилин барзиёдӣ мебошад. Эй шумо, мутаассибон, ки барои несту нобуд кардани ғуломдорӣ мекушед! Чаро шумо ба муқобили он бармехезед? Магар шумо намедонед, ки баъзеҳо бояд ранҷ баранд, бояд меҳнат кунанд ва гуруснагӣ кашанд, то ки дигарон аз шукӯҳу дабдаба ва бекорӣ кайфу сафо карда гарданд? Магар намедонед, ки барои озод будани баъзеҳо, ғулом будани дигарон лозим?
Ин суханон, ки ба сари миллионҳо касон ҷабру кулфат меоранд, вақтҳои охир хеле зуд-зуд баланд садо медиҳанд. Шӯрбахт касе, ки ин суханонро баён мекунад ва шӯрбахт миллатате, ки онҳоро мешунавад!
Ба ҷуз Колхаун, гӯё ба димоғи чоқи плантатор ҳамаи ҳамсафарони вай шарик буданд. Ин дар чеҳраи ғуломон, ки онҳо Пойдекстерро сарчашмаи хушбахтӣ ва бадбахтии худ — худои барқу пуриқтидор — мешумурданду, акс меёфт.
Онҳо ӯро аз худо камтар дӯст доранд ҳам, аммо бештар метарсиданд, агарчи назар ба ғуломдорони дигар ӯро хоҷаи ганда номидан мумкин набуд. Ӯ аз шиканҷаи ғуломони худ чандон лаззат намебурд ва ҳар гоҳ ки онҳоро серу танашонро пӯшида медид ва медид, ки пӯсти бадани онҳо аз фарбеҳӣ медурахшад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё