Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Марди ношинос нохост хайру хуш карда, аспашро маҳмез зада чорнағл давонд.
Ин тавр ногаҳон монда рафтани ҷавон ба плантатор ва ҳамроҳони вай камоли беадабӣ намуд. Вале онҳо ҳанӯз ба лаб кушодан фурсат наёфта, диданд, ки марди ношинос гашта меояд. Даҳ сония нагузашта савора омада аз нав бо онҳо ҳамроҳ шуд. Ҳама дар ҳайрат буданд, ки ӯро ба гашта омадан чӣ маҷбур намуд.
— Метарсам, ки изи суми аспи ман ба шумо чандон ёрдам карда наметавонад. Пас аз сӯхтор аллакай аз ин ҷо мустангҳо гузаштаанд. Онҳо ҳазорон нақши суми худро гузоштаанд. Дуруст аст, ки аспи ман наъл дорад, вале охир шумо ба фарқ кардани из одат накардаед ва фаҳмиданатон душвор мешавад, алалхусус дар хокистари хушк изи суми ҳама ин аспон қариб як хел мешаванд.
— Чӣ бояд кард? — пурсид плантатор, ки дар овозаш ноумедӣ ҳис карда мешуд.
— Хеле афсӯс, мистер Поиндекстер, вале ман шуморо мушоият карда наметавонам. Ман бояд таҷдилан маълумоти муҳимеро ба қалъа бурда супорам. Агар изи аспи маро гум кунед, аз самте равед, ки офтоб аз тарафи ростатон бошад ва соятон ба чап ба хатти ҳаракат афтад. Тахмин панҷ мил рост равед. Баъд шумо нӯки дарахти сарви баландеро мебинед. Аз сурхтоб рангаш шумо онро мешиносед. Рост ба назди ҳамон дарахт равед. Он дар соҳили дарё, дуртар аз гузаргоҳ истодааст.
Савораи ҷавон лаҷомро кашида аз нав ба тохтан тайёр шуд, аммо ким-чӣ ӯро маҷбур сохт, ки аспро нигоҳ дорад. Ӯ чашмони сиёҳи дурахшандаеро дид, ки аз паси пардаи карета менигаристанд — ӯ ин чашмонро бори аввал дид.
Соҳиби ин чашмон дар соя паноҳ шуд, аммо ҳанӯз ба андозаи равшан буд, ки чеҳраи ба ғоят малеҳеро бубинад. Ғайр аз ин ӯ дид, ки чашмони зебо ба вай дӯхта шудаанд ва онҳо бо ҳаяҷон, қариб навозишкорона ба ӯ менигаранд.
Беихтиёр ҷавон бо нигоҳи пуршавқ ҷавоб дод, аммо аз тарси он ки мабодо инро густохӣ напиндоранд, якбора сари аспро гардонд ва аз нав ба плантатор, ки навакак барои лутфу марҳаматаш ба ӯ миннатдорӣ изҳор карда буд, муроҷиат намуд.
— Ман шоистаи миннатдорӣ нестам, — гуфт марди ношинос, — зеро ман шуморо ба ихтиёри тақдир ҳавола карда меравам, вале мутаассифона, вақти холӣ надорам.
Ӯ ба соат нигоҳ кард, гӯё таассуф мехӯрд, ки маҷбур аст худаш танҳо равад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё