Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Такрори таркиби “Ҷони манӣ ту!” дар вазну қофияи алоҳида самимият ва ҷозибаи шеърро афзун намудааст. Дар миёни шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ асарҳои калонҳаҷм низ ҳастанд, ки достони "Тоҷу байрақ" намунаи хуби онҳост. Ин асар назираи ҷавобия ба "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ мебошад. Лоҳутӣ аз як лаҳзаи «Шоҳнома» иқтибос оварда, баъд дар ҳамон вазну қофия асари ҷолиби диққате меофарад, ки дар ҳашт боби он масъалаи нангу номуси инсонӣ дар шароити нави таърихӣ ба тасвир омадааст. Қаҳрамони "Шоҳнома" Баҳроми гурд баҳри ба даст овардани тоҷи подшоҳӣ, ки дар майдони душман ба замин афтида буд, ҷунбозиҳо мекунад ва оқибат тоҷро ба даст дароварда, шарафу номуси инсонӣ ва ватандориро ба ҷо меорад. Дар достони "Тоҷу байрақ" чунин корнамоиро Ориф дар майдони меҳнат ба ҷо меорад. Ориф чун сардори гурӯҳи пахтакорӣ ба воқеаи аз даст додани байрақи шараф муросо карда наметавонад ва шабу рӯз мардона талош меварзад, то гурӯҳи ӯ аз нав ба байрақи шараф соҳиб гардад. Дар "Тоҷу байрақ" рӯҳи мутантани тасвири "Шоҳнома" нигоҳ дошта шудааст. Симои Ориф бо тавсифу ташбеҳ ва муболиғаҳои фирдавсиёна дар пеши назари хонанда чун паҳлавони қавиҳайкали майдони кор тасвир меёбад:
Диловар биёмаД ба кирдори бод,
Чу кӯҳе дар он пахтазор истод.
Баровард дасти ялӣ з-остин,
Шигифто, ки оташ бишуд пахтачин!
Гули пахтаҳоро чунон пай ба пай
Ба доман ҳамерехт он некпай,
Ки гуфтӣ, зи ҳар гӯшаи осмон
Фитод ахтарон дар дили Каҳкашон.
Симои Орифро дигар иштирокчиёни асар, аз ҷумла модари ӯ, тақвият медиҳанд. Муколамаи Ориф ба модараш хеле пурҳаяҷон ва муассиркунанда буда, боиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё