Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

афзунии рӯҳи маърифатии асар гардидааст. Бубинед, истифодаи санъати ташхис сухани Орифро чӣ қадар ширину дилнишин намудааст:

Мабодо, ки ман дер монам ба хоб,
Ба бистар бубинад маро офтоб.
Мадеҳ фурсат, эй модари пурҳунар,
Ки хуршед хезад зи ман зудтар.

Дар достони «Тоҷу байрақ» дар баробари баҳри мутақориби мусаммани маҳфуз (ё максур) вазнҳои дигари шеърӣ низ истифода шудаанд. Лоҳутӣ вазъият ва ҳолати рӯҳии фотеҳони саҳроро ба воситаи чанд суруд, ки вазну қофияи дигар доранд, нишон медиҳад ва бо ин иқдоми худ имкониятҳои васеи арӯзи тоҷикиро дар эҷоди бадеӣ таъкид менамояд:

Суруде, ки ҳар ранҷбар месуруд,
Дар он базми имрӯзӣ ин гуна буд:
Шуд бахти саркаш роми мо,
Омад зафар дар доми мо.
Пур шуд ҷаҳон аз номи мо,
Мо фотеҳем, мо фотеҳем...

Ҳамин тариқ, Лоҳутӣ дар ифодаи ғояи ватандорӣ ва ҳифзи номусу шарафи инсонӣ дигар мафҳуми муқаддас — байрақро чун воситаи тасвир қарор дода, бо ҳамин меҳнати бунёдкоронаро чун сарчашмаи асосии хушбахтии инсоният тараннум кардааст. Умуман, шеърҳои тоҷикистонии шоир маҳсули сафарҳои шоир ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, вазъияти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро дар нимаи аввали асри XX равшану возеҳ инъикос менамоянд.

Васфи ишқу муҳаббат дар эҷодиёти Лоҳутӣ мавқеи арзанда дорад ва тамоми давраҳои эҷодиёти шоирро ба ҳам мепайвандад. Ин мавзӯъ дар тамоми ашъори

пешина
аз 343
навбатӣ