Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дорои хусусиятҳои публитсистӣ ва тарғиботӣ мебошанд. Бинобар ин ҳар кадом ба дили хонанда зуд роҳ ёфта, ӯро ба корномаҳо раҳнамун месозад. Соли 1929 ба Ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфтани Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистонро Лоҳутӣ дар шеъри "Тоҷикистон" табрик мекунад. Шеъри "Ба Тоҷикистон" бошад, соли 1939 ба муносибати 10-солагии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон эҷод гардида, эҳсосоти шоирро аз ин ҳодисаи фараҳбахш ба таври амиқ ифода менамояд:

Эй умеди дили рамидаи ман,
Қуввати дасту нури дидаи ман
Ватани кору хонаи ишқам,
Табъи шеъру таронаи ишқам.
Ваҳ, чӣ раҳшонӣ, эй шарораи сурх
Ҷон фидои ту, эй ситораи сурх.
Бурҷи машриқ агарчи хонаи туст,
Лекин олам пур аз фасонаи туст.

Таркибҳои умеди дили рамида, қуввати даст, нури дида таъкид бар он доранд, ки Тоҷикистон чун сарвати бебаҳо барои ҳар тоҷик басо азизу мукаррам аст. Абулқосими Лоҳутӣ дар "Хабар", "Мо ранҷбарзодагонем" , "Озодии занҳо", "Таронаи партизанӣ", "Духтари Тоҷикистон" аз шаклҳои нави шеърӣ, ки дар адабиёти русу Аврупо роиҷ буд, истифода кардааст. Масалан, таронаи "Духтари Тоҷикистон" аз шаш банди чаҳормисрагӣ (қофияи ҳар банд а а б а) иборат мебошад ва дар охири ҳар банд таркиби "Ҷони манӣ ту!" чун мисраи васила такрор мешавад:

Духтарак, эй духтарҷон,
Духтари Тоҷикистон,
Пахта ба фабрик додӣ,
Газвора кардӣ арзон.

Ҷони манӣ ту!

пешина
аз 343
навбатӣ