Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Барои сер кардани интиқоми ман як ҷонаш бисёр ночиз аст». Устод Лоҳутӣ ҳангоми тарҷума гоҳо аз шакли анъанавии шеъри тоҷикӣ истифода кардааст. Масалан, сенатор Брабансио дар маҷлис фикрашро дар шакли маснавӣ баён мекунад:

Кӣ дида, чу дарди дил занад хӯш,
Дору бикунандаш аз раҳи гӯш?

Ҳамин тариқ, тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ дар баробари нигоҳ доштани хусусиятҳои услубии матнҳои асл, рӯҳи бадеии адабиёти тоҷикро низ фаро гирифтаанд.

Шеърҳои тоҷикистонии устод Лоҳутӣ аз соли 1925, аз шеъри "Сарои тамаддун" оғоз меёбад ва баъдтар як қисми ин силсилаи шеърҳо бо номи "Шеърҳои тоҷикистонӣ" (1940) дар шакли китоби алоҳида ба табъ мерасад. "Сарои тамаддун", "Духтари инқилоб", "Одами оҳанпо", "Хар ва трактор", "Тоҷикистон шуд мунаввар", "Ман фарзанди як деҳқоне будам", "Хабар", "Тоҷу байрақ" аз беҳтарин асарҳои ин силсила буда, дар онҳо ҳаёту маишати халқи тоҷик тараннум ёфтаанд. Устод Лоҳутӣ аз шинохти аввал таваҷҷуҳи хонандаро ба решаҳои ҳазорсолаи фарҳанги мардуми тоҷик ҷалб менамояд:

Дар сарсутуни сардару айвони сақфи он,
Бо хатти зар навишта ҳазорон катибаҳо.
Аммо сиёҳ гаштаву яксар шуда ниҳон,
Дар зери дуд он ҳама осори пурбаҳо.
Ҳо, як китоби пора! Бихонем аз ин китоб.
Шояд шавад падид, ки ин хона мулки кист...
Оҳ, ин бино тамаддуни тоҷик будааст,
Он хонае, ки нур фишондӣ ба коинот.

Шеърҳои тоҷикистонии Лоҳутӣ мувофиқи талаби замони Шӯравӣ ва сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардуми заҳматкаш ба таври содаву оммафаҳм эҷод гардида,

пешина
аз 343
навбатӣ