Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Отелло: Аз гуноҳат фикр кун.

Дездемона: Гуноҳи ман дӯст доштани шумост.

Отелло: Ҳазар кун аз қасами дурӯғӣ. Ту дар бистари марг ҳастӣ.

Дездемона: Худатон ҳам раҳм кунед. Ман дар умрам шуморо ҳақорат надодаам. Нисбат ба Кассио ғайр аз дӯстии умумӣ, ки Худо онро иҷозат додааст, ҳеҷ эҳсоси дигар надоштам. Ҳеҷ вақт ба ӯ ҳадя надодаам...

Отелло: Бимир, фоҳиша!

Дездемона: Фардо кушед. Бигузоред, як шаб зинда монам!

Отелло: Кор, ки шуданист, таъхир чаро?

Дездемона: Танҳо барои он ки як дуо хонам.

Дездемонаи покдоман бегуноҳ кушта мешавад ва баъд маълум мегардад, ки Отелло ба фитна дода шуда, хатои авфнопазире содир намудааст. Дигар зинда мондани Отелло маъно надошт. Генерал ашкрезон ба ҳозирин васият карда, хударо бо ханҷар мезанад ва:

Бӯсакунон куштаамат, эй бути нозанинам,
Изн деҳ, акнун туро бӯсакунон бимирам

-гӯён ба рӯйи мурдаи Дездемона меафтад. Дар тарҷумаи “Отелло” хусусиятҳои миллӣ ва назокати забони образноки тоҷикӣ моҳирона истифода шудааст. Мақолу зарбулмасалҳо, таркибҳои маҷозӣ, суханҳои панду ахлоқӣ, ташбеҳ, таҷнис ва муболиғаву тавсиф барин санъатҳои бадеӣ тарҷумаи намоишномаро ба завқу саликаи хонандаи тоҷик мувофиқ намудаанд. Масалан, Кассио ҳусну ҷамоли Дездемонаро чунин тавсиф менамояд: «Отелло як духтареро гирифт, ки кӯшиши ҳамаи қаламҳои дунё ба таърифу тавсифи ӯ намерасанд». Ё худ Отелло аз ғояти хашм Кассиоро дар назар дошта мегӯяд: «Оҳ, кошки он бешараф чил ҳазор ҷон медошт!

пешина
аз 343
навбатӣ