Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло кишоварзӣ буда, ҳамчунин ба косибӣ машғул будаанд. Одамони маърифатдӯст ва пешқадами ин ду деҳа ва шахсиятҳои шинохтае, ки ба ин деҳот рафтуомад доранд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Дар қисми якуми “Ёддоштҳо” образҳои Сайидмуродҳоҷа (падари Садриддин), Устоамак - Ҳидоятҳоҷа (амаки Садриддин), Тӯтапошшо, Ҳабиба, Лутфуллогӯппон, Исомахдуми шоир мавқеи асосӣ доранд. Сайидмуродҳоҷа образест, ки бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, инсондӯстӣ ва поктинатӣ дар байни аҳолӣ эътибори баланд дорад ва фарзандони худро ҳам дар ҳамин рӯҳия тарбия менамояд. Вай дар як порча заминаш мудом машғули кор мебошад. Ба болои ин ба бофандагӣ, рангрезӣ ва тарошидани сангӣ осиё низ шуғл меварзад ва кору фаъолиятро сарчашмаи асосии зиндагӣ медонад. Падари Садриддин одами бофарҳанг аст. Ба Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ва Исо барин шоирон эҳтироми тамом дорад ва ҳамеша фикрҳояшро бо мисолҳо аз ашъори онҳо тақвият медиҳад. Падар одамони золим ва муфтхӯру фиребгарро одамони девсор меномад ва аз онҳо эҳтиёт шудани мардумро бо ин байти Саъдӣ қувват мебахшад:
Дев бар одам наёмезад, матарс,
Бал битарс аз одамони девсор.
Суханҳои ҳикматноку пандомези падар ба Садриддин таъсири бузург бахшиданд, меҳру муҳаббати ӯро ба шеър, ба каломи бадеӣ зиёд намуданд ва худи ӯро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростӣ ҳидоят намуданд. Васияти падар пеш аз марг муҳимтарин дастури зиндагии минбаъдаи Садриддин гардид: “Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қози нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!”.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё