Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Дар қисми якуми “Ёддоштҳо” образи занон низ мавқеи муайян доранд. Устод Айнӣ симоҳои Тӯтапошо ва Ҳабибаро хотирмону ҷолиб офаридааст. Махсусан, образи Ҳабиба бо самимияту донишмандӣ ва далерию кордонияш хонандаро ба ваҷд меорад. Дар мактаби духтарона таваҷҷуҳи Садриддини кунҷковро Ҳабиба ном духтари соҳибҷамолу донишманд ҷалб менамояд. Ҳабиба шеърҳои бисёр медонист ва як ғазали Ҳофизро, ки бо байти:
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд, — оғоз мешуд, ба такрор хонда гиря мекард. Аз тасвирҳои минбаъда маълум мешавад, ки байти боло ба ҳолати рӯҳии Ҳабибаи ошиқ комилан мувофиқ омада, дар роҳи расидан ба мақсад ба ӯ қувват мебахшидааст. Азбаски ҷавони дӯстдоштаи Ҳабиба ҳам лангу ҳам баднамо будааст, падару модар ба хонадор шудани онҳо муқобил баромадаанд. Баъди талошҳои зиёди бенатиҷа Ҳабиба бо ҷавони дӯстдоштааш шабона аз Соктаре ба Ғиждувон гурехта, саҳар ба қозихона меравад ва аз қозӣ талаб мекунад, ки онҳоро бо ҳам никоҳ кунад. Ба муколамаи қозӣ Абдулвоҳид ва Ҳабиба таваҷҷуҳ намоед:
— Духтарам, туро кӣ аз роҳ баровард.
— Маро ҳеҷ кас аз роҳ набаровардааст, ман ба ихтиёри худ ҳамин ҷавонро ба шавҳарӣ хостам, — ин овози духтар буд, ки бо ҳаяҷони гиряолуд мебаромад.
— Агар падару модарат ин коратро шунаванд, чӣ мегӯянд? Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? — Ин саволи дуюми қозӣ буд.
— Ҳозир падарам ҳам ҳамин ҷавон ҳаст, модарам ҳам, ман ба розӣ ва норозӣ шудани падару модарам кор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё